31 Август 2025 - 11:50
Source: Parstoday
Ҳизбуллоҳ: Ҳатто як гулӯла ҳам таҳвил нахоҳем дод

Узви Шӯрои сиёсии ҷунбиши муқовимати Ҳизбуллоҳи Лубнон панҷшанбе эълом кард: ҳатто як гулӯла ҳам таҳти шадидтарин фишорҳо таҳвил намедиҳем.

Бино ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Маҳмуд Қамотӣ, узви Шӯрои сиёсии Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт: ҳама иттифоқи назар доранд, ки таҳвили силоҳи муқовимат хиёнат ба Лубнон, меҳан, ҳокимият ва истиқлоли кишвар аст ва мавзеи миллӣ ҳаргиз таҳти шадидтарин фишорҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ва оташин тағйир нахоҳад кард.

Қамотӣ дар дидор бо намояндагони аҳзоб, гурӯҳҳо ва шахсиятҳои миллӣ ва исломии Лубнон дар минтақаи Ал-Харруб дар "Барҷо" гуфт: найрангу фиреби ҷадиде, ки Том Барак, фиристодаи Амрико дар дастури кор қарор додааст, ишғоли рустоҳои хатти муқаддам, як ишғоли маданӣ ва иқтисодӣ барои монеъ шудан аз бозгашти сокинони он аст.

Узви Шӯрои сиёсии Ҳизбуллоҳ ҳамчунин аз омодагии бархе режимҳои арабӣ барои таъмини молии ин лоиҳаи саҳюнистӣ изҳори таассуф кард ва афзуд: мо Лубнонро дар чанголи душмани исроилӣ ва дар чанголи Амрико раҳо нахоҳем кард ва ҳаргиз нахоҳем пазируфт, ки Лубнон барои муқобила бо ин тавтеа ба абзори хурдшуда барои Амрико табдил шавад.

Маҳмуд Қамотӣ, бо ишора ба ин ки муқовимати Лубнон муташаккил аз аҳзоб ва гурӯҳҳое аз чапу рост, миллатгаро, арабизм ва коммунизм ва исломӣ аст ва бархе имрӯз талош мекунанд ба муқовимат сифати тоифавӣ бидиҳанд, гуфт: ҳадафи тавтеагарон нобудии шиа аст, зеро онон муқовимат мекунанд, аммо ҳақиқат ин аст, ки ин муқовимат мутааллиқ ба як тоифа нест ва ҳамаи тайфҳо ва гурӯҳҳои лубнонӣ дар муқовимат мушорикат доранд ва шуҳадо аз ҳамаи тайфҳо ва гурӯҳҳои лубнонӣ дар ҷараёни ҷанг буда ва илова бар он, ғайринизомиёне аз саросари Лубнон ба шаҳодат расидаанд.

Узви Шӯрои сиёсии Ҳизбуллоҳ таъкид кард, ки хлъи силоҳи муқовимат бузургтарин нангу ор ва ҳақорату хорӣ аст, ки давлати Лубнон дар ҳаққи муқовимат муртакиб мешавад ва мо ҳаргиз силоҳамонро таҳвил нахоҳем дод.

Қамотӣ, изҳор дошт: дар ин тарҳи ғарбӣ ба табдил кардани ин режим ба як амри воқеӣ ва оғози раванди созиш бо чандин кишвари арабӣ басанда нашудааст, балки он дар орзуи Исроили бузург аст, чизе ки Натаняҳу чанд рӯз пеш эълом кард.

Маҳмуд Қамотӣ дар идома хостори эҳтиёт ва омодагии ҷаҳон ва уммати арабӣ шуд, барои ин ки минтақа бар асоси баровардҳои амрикоӣ, аврупоӣ ва исроилӣ ва ҳомиёнашон таслим шудааст, аммо ҳамчунон як монеа ба номи муқовимат дар Фаластин ва Лубнон вуҷуд дорад, ки бояд нобуд ва бардошта шавад.

Узви Шӯрои сиёсии Ҳизбуллоҳ хитоб ба кишварҳои арабӣ бо таъкид бар ин нукта, ки муқовимати Лубнон, қудрат ва нерӯе барои амният аст ва қабл аз он ки (душман) ба Мисру Урдун бирасад, дар пайи нобудии Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ аст, гуфт: агар хатти муқаддам бо қудрати муқовимат, пойдор ва муқовим боқӣ бимонад, амнияти миллии минтақа пойдор ва муқовим боқӣ мемонад ва акси он низ саҳеҳ аст, бо вуҷуди ин, пас чаро бо муқовимат мубориза мекунед ва мақомоти лубнониро барои раҳоӣ аз силоҳи муқовимат таҳти фишор қарор медиҳед.

Your Comment

You are replying to: .
captcha