3 Сентябр 2025 - 01:06
Source: Parstoday
Пизишкиён : Гутерриш мавзеъҳои ошкортаре алайҳи Исроил дар пеш гирад / Белгия Фаластинро ба расмият мешиносад

Порстудей - Раиси ҷумҳурии Эрон хостори иқдоми амалии Созмони Милал дар баробари ҷиноёти режими саҳюнистӣ шуд.

Масъуди Пизишкиён-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт : Интизор дорем созмонҳои байналмилалӣ ва дар сарварии онҳо Созмони Милали Муттаҳид иқдомоти амалӣ ва ҷиддитаре дар баробари ҷиноёту оташафрӯзиҳои режими саҳюнистӣ дар минтақа дошта бошанд. Ба гузориши Порстудей ба нақл аз ИРНА,Масъуди Пизишкиён асри душанбе дар дидори « Антонио Гутерриш бо таъкид бар инки Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора ба дунболи сулҳ ва оромиш буда ва ҳаст ва ин режими саҳюнистӣ буд, ки ҷангро ба мо таҳмил кард , аз мавозиъи вай дар қиболи ҷиноёти ин режим алайҳи фаластиниёни Ғазза ва низ ҳамла ба Эрон қадрдонӣ кард. Пизишкиён дар айни ҳол аз Гутерриш хост, ки мавозиъи ошкортаре дар маҳкумияти ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи фаластиниён ва дигар кишварҳои минтақа дошта бошад. Белгия Фаластинро ба расмият мешиносад Максим Прево-вазири хориҷаи Белгия дар шабакаи иҷтимоии Х навишт : Белгия дар Маҷмаъи умумии Созмони Милал Фаластинро ба расмият хоҳад шинохт ва таҳримҳои шадиде алайҳи давлати Исроил ҷорӣ мешавад. Прево афзуд ки ин тасмим « бо тавваҷуҳ ба фоҷеъаи инсонӣ дар Фаластин ба вижа дар Ғазза » ва « хушунату адами пайбандии Исроил ба қонунҳои байналмилалӣ » ва масъӯлияти Белгия барои « ҷилавгирӣ аз ҳар гуна хатари наслкушӣ » ва барои афзоиши фишор бар давлати Исроил » гирифта шуда аст . Ҳамлаи бомдодии Исроил ба Ғазза ва шаҳодати 20 ҷавони фаластинии дигар Манбаъҳои пизишкӣ дар борикаи Ғазза эълом карданд, ки аз бомдоди имрӯз сешанбе то кунун камаш 20 нафар дар паи ҳамалоти ҳавоии артиши Исроил ба ин минтақа шаҳид шудаанд . Гуфта мешавад дар миёни қурбониён панҷ нафар аз шаҳрвандоне ҳастанд, ки барои дарёфти кумакҳои башардӯстона талош мекарданд. Ансоруллоҳи Яман : Исроил мунтазири ғофилгирии бузурги мо бошад Зайфуллоҳ ал-Шомӣ аз аъзои аршади ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман душанбешаб эълом кард, ки ин ҷунбиш дар ҳоли омодасозии ғофилгириҳои воқеӣ ва ғайримунтазирае барои режими саҳюнистӣ аст. Ал-Шомӣ бо таъкид бар тавоноиҳои низомии фавқулодаи ҷунбиши худ , гуфт : Мо ғофилгириҳое дорем, ки на дӯстон ва на душманон интизори онро надоранд .Лавров : Ғарб аз доллар барои саркуби рақибон истифода мекунад Сергей Лавров-вазири хориҷаи Русия гуфт, ки Ғарб аз доллар барои саркуби рақибон ва ҳифзи султаи худ дар саҳнаи ҷаҳонӣ истифода мекунад. Вай изҳор кард, ки Ғарб ба ҳар шевае талош мекунад, то аз зуҳӯри ҷаҳони чандқутбӣ ҷилавгирӣ карда ва султаи худро ҳифз кунад ва дар ин роҳ « ба ҷои музокираву рақобати мунсифона ба боҷхоҳӣ , фишору таҳрими мутавассил мешавад. » Номаи муштараки Эрон , Чин ва Русия : Шӯрои Амният номаи тройкаро ботил эълом кунад Вазирони хориҷаи Эрон , Чин ва Русия бо ирсоли номаи муштарак ба дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва раиси Шӯрои Амният , бо радди талоши се кишвари аврупоӣ ҷиҳати эҳёи қатъномаҳои бекоршудаи Шӯрои Амният алайҳи Эрон , тасреҳ карданд , эълони ирсолии се кишвари аврупоӣ ба Шӯрои Амният бархилофи равияҳои мундараҷ дар Барҷом ва қатъномаи 2231 ва орӣ аз мабнои ҳуқуқии лозим аст ва бояд ботил ва беасар дар назар гирифта шавад.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha