Дар ин матлаб аз Порс Тудей нигоҳе ба мавзеъҳои Имом Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломӣ дар заминаи иллати исломситезӣ ва аҳдофи он андохта шудааст.
Дидгоҳи Имом Хоманаӣ дарбораи иллати исломситезӣ ва аҳдофи он чист?
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломӣ дар дидори масъулони низом ва сафирони кишварҳои исломӣ гуфтанд: Воқеан ин нуктаро бояд таваҷҷуҳ кард, ки иллати эътилои муборизоти дохили Фаластин чист? Гароиш ба Ислом. Аз вақте гароиши исломӣ дар миёни муборизони фаластинӣ ба вуҷуд омад, ва аз вақте ин гароиш ҳамин тавр рӯз ба рӯз авҷ гирифт то имрӯз, пешрафтҳо дар муборизаи фаластиниҳо ба ин шакл ҳосил шуд, ба даст омад. Пас омили муваффақият, Ислом аст, душман ҳам инро фаҳмида, лизо мебинед дар дунё исломситезӣ мекунанд. Албатта ин исломситезиҳо ба ҷое ҳам нахоҳад расид.
Ислом метавонад пеши роҳи тааддиёти тамаддуни моддии золими имрӯзро бигирад
Раҳбари инқилоби исломӣ ҳамчунин дар дидори масъулони низом ва сафирони кишварҳои исломӣ афзуданд: Баъд аз ташкили Ҷумҳурии исломӣ, душманони Ислом ва душманони ҷавомеи башарӣ ба фикри он афтоданд, ки бо он чизе, ки мояи ин ҳаракат аст ва дар бахши муҳимме аз дунё замина дорад, мубориза кунанд; он чӣ буд? Он Ислом аст. Имрӯз бо Ислом мубориза мекунанд; чаро? Чун Ислом мояи рушди ҷавомеъ аст, мояи ҳаракати инсонҳост, мояи бурузи истеъдодҳост ва мояи падид омадани як тамаддуни маънавӣ ва моддии муштарак ва ҳамзамон аст; чун Ислом метавонад пеши роҳи тааддиёти тамаддуни моддии золими имрӯзро бигирад; лизо бо Ислом мубориза мекунанд. Имрӯз сарриштаи ин душманиҳо ба дасти Амрико ва саҳюнизм аст. Мухолифанд ба хотири ин ки Ислом пеши роҳи матомеи инҳоро мегирад, пеши роҳи истикборро мегирад; пас дар воқеъ бо Ислом мухолифанд.
Аз Исломи ҳақиқӣ метарсанд, аз Исломи ноб метарсанд
Дар ҳамин росто Имом Хоманаӣ дар ҳаштумин маросими донишомухтагии донишҷӯёни донишгоҳҳои афсарии Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон гуфтанд: Имрӯз яке аз корҳои асосӣ ва муҳимме, ки дар ширкатҳои ҳунарии маъруфи дунё мавриди истифода қарор мегирад, иборат аст аз тарсонидани мардум аз Ислом. Чаро? Агар Ислом манофеи ҷаҳонхоронро таҳдид накарда буд, дар муқобили он, ин вокунишҳо нишон дода намешуд. Ин ки мебинед гурӯҳҳоеро ба номи Ислом ва ба номи ҳукумати исломӣ месозанд, метарошанд, мусаллаҳ мекунанд, пуштибонӣ мекунанд, ба ҷони инсонҳо меандозанд ва кишварҳоро ба василаи онҳо ноамн мекунанд, ин нишондиҳандаи нуфузи паёми Ислом аст. Аз Исломи ҳақиқӣ метарсанд, аз Исломи ноб метарсанд.
Таклифи мусулмонон дар муқобили исломситезӣ чист?
Дар ҳамин ҳол раҳбари инқилоби исломӣ дар дидори ширкаткунандагон дар мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим хотирнишон карданд: Имрӯз мебинед дунёи Ғарб, дастгоҳи истеъмор пул харҷ мекунанд, нақшарезӣ мекунанд барои исломситезӣ. Қуръонро оташ мезананд, номи мубораки Пайғамбарро мавриди иҳонат қарор медиҳанд, карикатура месозанд, китоб менависанд, дар пойтахтҳои бузурги Аврупо алайҳи мусулмонҳо ҳаяҷоноти қавмӣ дуруст мекунанд, инҳо маънояш чист? Маънояш исломситезӣ аст. Хуб, ин ҷо таклифи мусулмонҳо чист? Мусулмонҳо бояд ба аносири қудрати худашон баргарданд; мусулмонҳо бояд дар даруни худашон омили иқтидор ва тавоноиро рӯз ба рӯз афзоиш диҳанд. Яке аз муҳимтарин омили иқтидор, ҳамин иттиҳод ва иттифоқ аст.
Your Comment