Ба гузориши хабаргузории ABNA ба нақл аз Ал-Нашра, Сергей Лавров вазири хориҷаи Русия, кишварҳои ғарбиро муттаҳам кард, ки дар паи ба таътил кашонидани музокироти мунтаҳӣ ба қатъи ҷанг дар Укроин ҳастанд. Вай афзуд: "Кишварҳои ғарбӣ дар паи баҳонатарошӣ бо ҳадафи ба бунбаст кашонидани музокирот ҳастанд." Ӯ бо маҳкӯм кардани «мавзеъи лаҷуҷонаи Волудимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин, ки шарту шурут таъйин мекунад ва хостори дидори фурӣ ба ҳар қиммате» бо Владимир Путин, ҳамтои руси худ аст, гуфт: "Тамоми коре ки онҳо анҷом медиҳанд, баҳонатарошӣ барои ба бунбаст кашонидани музокирот аст."
Лавров тасриҳ кард: "Мақомоти укроинӣ дар паи ба таътил кашонидани раванде ҳастанд, ки тавассути Путин ва Трамп раисони ҷумҳури Русия ва Амрико эҷод шуда ва натоиҷи бисёр хубе ба ҳамроҳ доштааст. Умедворем, ки ин талошҳо хунсо шавад." Вазири хориҷаи Русия дар идома эълом кард, ки ҳеҷ барномае барои дидор миёни Зеленский ва Путин вуҷуд надорад.
Your Comment