23 Август 2025 - 12:07
Source: ABNA
Раҳгирии мушаки шилликшуда аз Яман бар фарози осмони Исроил

Системаҳои дифоии артиши Исроил, як мушаки шилликшуда аз Яманро раҳгирӣ карданд.

Ба гузориши хабаргузории байналмилалии Аҳлулбайт (а) — Абно — расонаҳои исроилӣ имрӯз (ҷумъа) эълом карданд, ки системаҳои дифоии Исроил муваффақ шуданд як мушаки шилликшуда аз Яманро раҳгирӣ кунанд.
Шабакаи 12-и телевизиони Исроил гузориш дод, ки шоҳидони айнӣ дар маркази сарзаминҳои ишғолӣ садои инфиҷорҳои муҳиберо шунидаанд.
Ин шабака афзуд, ки мушаки яманӣ дар осмон ба чандин қитъаи мунфаҷира тақсим шуд ва бо вуҷуди душвории раҳгирии он, ин ҳодиса бидуни хисорот ба поён расид.
Тибқи гузоришҳо, пас аз шиллики мушак, парвозҳо дар фурудгоҳи Бен-Гурион (шарқи Телавив) ба ҳолати таълиқ даромад.
Аз сӯи дигар, созмони имдод ва эмерҷенсии Исроил аз барӯзи маҷруҳиятҳое хабар дод, ки ношӣ аз издиҳом ва тадофуи мардум барои вуруд ба паноҳгоҳҳо ҳангоми фаъол шудани ожирҳои ҳушдор буд. Ҳамчунин, таркашҳои мушаки раҳгиришуда бар яке аз шаҳракҳои исроилӣ суқут кардааст.
Пештар низ артиши Исроил эълом карда буд, ки як паҳподи шилликшуда аз Яманро раҳгирӣ кардааст; паҳподе, ки мавҷуби фаъол шудани ожири хатар дар шаҳракҳои наздики навори Ғазза шуд. Ба гуфтаи артиши Исроил, раҳгирии ин паҳпод пас аз чандин талоши муваффақиятомез анҷом гирифт.
Нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар моҳҳои ахир ҳамлаҳои пайдарпай ба Исроил бо истифода аз мушак ва паҳпод анҷом дода ва ҳамчунин киштиҳои муртабит бо Исроил ё дар масир ба самти бандарҳои онро ҳадаф қарор додааст. Мушакҳо ва паҳподҳои яманӣ маъмулан манотиқи ҷанубӣ ва марказии Исроилро ҳадаф қарор медиҳанд.
Аз 7 октябри 2023 то кунун, Исроил дар навори Ғазза ҷиноятҳои густурдае муртакиб шудааст, ки шомили қатли ом, қаҳтӣ, тахриб ва оворагии густурда мешавад. Бар асоси омори расмӣ, ин наслкушӣ то кунун 62263 шаҳид, 157365 захмӣ - умдатан занон ва кӯдакон - беш аз 9000 мафқуд, садҳо ҳазор овора ва марги 273 нафар бар асари гуруснагӣ (аз ҷумла 112 кӯдак) бар ҷой гузоштааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha