Расонаи амрикоии “Axios” бомдоди якшанбе ба нақл аз ду мақоми саҳюнист навишт: Исроил дар тули 48 соати гузашта аз давлати Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дархост карда то ба ҷанг алайҳи Эрон ва аз байни бурдани барномаи ҳастаии Эрон бипайвандад.
Ба гузориши Порс Тудей, “Axios” тасреҳ кард: Режими саҳюнистӣ бомбҳои сангаршикан ва бомбафканҳои ғӯлпайкар барои ҳадаф қарор додани сайти ҳастаии Фурдуи Эрон, ки зери замин қарор гирифтааст, надорад.
Тибқи ин гузориш, давлати Трамп, аммо токунӯн худро аз ҳамалоти режими саҳюнистӣ дур нигаҳ дошта ва истидлол кардааст, ки дар сӯрати мушорикат дар ҷанг, Эрон бо ҳадаф қарор додани аҳдофи амрикоӣ даст ба талофҷӯӣ хоҳад зад.
Дар миёнаи умедвории саҳюнистҳо барои мувофиқати Вашингтон, як мақоми аршади амрикоӣ гуфта, Вашингтон ин дархостро дар ҳоли ҳозир баррасӣ намекунад.
342/
Your Comment