Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вокуниш ба тааррузу иқдоми таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба манотиқе аз Эрон, ки ба шаҳодати ҷамъе аз фармондеҳони олирутбаи неруҳои мусаллаҳ, донишмандони барҷаста ва шаҳрвандони бегуноҳи эронӣ, бавижаи кӯдакони мазлӯм анҷомид, аз шомгоҳи ҷумъа ҳамла ба самти сарзаминҳои ишғолиро оғоз карда ва поёни ин ҳамалот ҳануз эълом нашудааст.
Ба гузориши Порс Тудей, Denis Stanovich, таҳлилгари пойгоҳи хабарии“Walla” дар матлабе навишт: Исроил ин рӯзҳо дар авҷи даргирии худ бо Эрон ба сар мебарад, аммо дар воқеъ бояд гуфт, хатари бузурге, ки Исроилро таҳдид мекунад, лағзиши ин ҷанг ба сӯи ҷанги фарсоишии тӯлонимуддат бо Эрон аст.
Вай афзуд: Агар ҷанг тӯлонӣ шавад, бори сангини он, иқтисоду ҷомеъаи Исроилро муталошӣ мекунад.
Ин коршиноси саҳюнист, ки ҷузви пажӯҳишгарони маркази таҳқиқоти амнияти режими саҳюнистӣ ва раиси собиқи мизи Эрон дар сервиси иттилооти низомии Исроил аст, таъкид кард: Бисёр муҳим аст, ки масъулини исроилӣ ба дарк ва фаҳм барисанд, ки Исроил тавонмандии мутаваққиф кардани комили барномаи ҳастаӣ ё мушакии Эронро надорад ва бояд ба суръат ба ҷанг бо Эрон поён диҳад.
Вай тасреҳ кард, ҳамчунин изҳороти масъулони исроилӣ нишон медиҳад, ки онҳо дар робита бо наҳваи поён додан ба ин ҷанг дучори сардаргумӣ ҳастанд.
/342
Your Comment