Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин паём сафари ҳаҷро тамрини ҳиҷрат аз зиндагии маъмул ба зиндагии тавҳидӣ хонданд ва бо баршумурдани аҷзои аслии зиндагии тавҳидӣ, гуфтанд: Ойини ҳаҷ намунаҳои намодини зиндагии тавҳидиро дар худ гирд овардаву ҳаҷгузорро бо он ошно ва ба он даъват мекунад ва бояд ин даъватро шунид, омухту азми худро барои бакоргирии дарсҳои он устувор кард.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дунёи Исломро беш аз ҳамеша ниёзманди бакоргирии дарсҳои ҳаҷ донистанд ва бо ишора ба инки ҳаҷҷи имсол дуюмин мавсими ҳаҷҷе аст, ки бо ҷиноёти режими саҳюнӣ дар Ғазза ҳамзамон шудааст, бо тарҳи ин суол, ки чӣ касе бояд дар баробари ин фоҷеаи башарӣ биистад, афзуданд: Бешак давлатҳои исломӣ нахустин мухотаби ин таклифанд ва миллатҳо мутолибагарони амали давлатҳо ба он ҳастанд.
Эшон Амрикоро шарики қатъии ҷиноёти режими саҳюнӣ дар Ғазза донистанду таъкид карданд: Давлатҳои мусулмон бояд ҳамаи роҳҳои кумакрасонӣ ба режими саҳюниро масдуд кунанду дасти ҷинояткорро аз идомаи рафтори шақоватомез дар Ғазза кӯтоҳ созанд ва муртабитини Амрико дар минтақа низ бояд давлати мустакбири Амрикоро маҷбур ба таваққуфи ҳимоят аз режими саҳюнӣ кунанд.
Раҳбари инқилоби исломӣ бо ишора ба инки муқовимати эъҷобангези мардуми Ғазза масъалаи Фаластинро дар раъси таваҷҷуҳоти дунёи Ислом ва ҳамаи озодагони ҷаҳон қарор додааст, афзуданд: Лозим аст сухангӯёну дорандагони ҷойгоҳҳои иҷтимоӣ миллатҳоро огоҳу ҳассосу мутолиботи марбут ба Фаластинро густардатар кунанду ҳуҷҷоҷи саодатманд низ пирӯзӣ бар ситамгарони саҳюнӣ ва ҳомиёни онҳоро аз Худои мутаол масъалат кунанд.
Матни паёми Раҳбари инқилоби исломӣ ба ин шарҳ аст:
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Валҳамду лиллоҳи раббил оламин, вассалотус салом алалхайри халқиллоҳи Муҳаммадинил Мустафо ва олиҳит таййибин ва саҳбиҳил мунтаҷибин ва ман табааҳум бииҳсони ило явмиддин.
Ҳаҷ, орзӯи муъминону иди муштоқону ризқи маънавии саодатмандон аст ва агар бо маърифат ба умқи рамзолуди он ҳамроҳ бошад, илоҷи дардҳои умдаи уммати исломӣ, балки ҳамаи башарият аст.
Сафари ҳаҷ ҳамонанди дигар сафарҳо нест, ки барои тиҷорат ё гардишгарӣ ё ҳадафҳои гуногуни дигар анҷом мешаванду аҳёнан дар хилоли он ибодате ё кори неке ҳам сурат мегирад. Сафари ҳаҷ тамрини ҳиҷрат аз зиндагии маъмул ба зиндагии матлуб аст.
Зиндагии матлуб-зиндагии тавҳидӣ аст, ки дар он тавофи доим бар гирди меҳвари ҳақ, саъйи доим дар миёнаи қуллаҳои душвор, рамйи доими шайтони шарир, вуқуфи омехта бо зикру ибтиҳол, итъоми фақири замингиру раҳгузар, яксон дидани рангу нажоду забону ҷуғрофиёи инсонҳо ва дар ҳама ҳол омодаи хидмат будан ва ба Худо паноҳ бурдану парчами дифоъ аз ҳақ барафроштан, аҷзои аслӣ ва ҳамешагӣ аст.
Ойини ҳаҷ - намунаҳои намодини ин зиндагиро дар худ гирд оварда ва ҳаҷгузорро бо он ошно ва ба он даъват мекунад. Ин даъватро бояд шунид, дилрову чашми зоҳиру ботинро бояд кушуд, бояд омухту азми худро барои бакоргирии ин дарсҳо устувор дошт. Ҳар кас дар ҳадди тавон метавонад гоме дар ин роҳ бардорад ва уламову равшанфикрону соҳибони маносиби сиёсиву ҷойгоҳҳои иҷтимоӣ беш аз дигарон.
Дунёи Ислом акнун беш аз ҳамеша ниёзманди бакоргирии ин дарсҳост. Акнун ин дуюмин мавсими ҳаҷҷе аст, ки ҳамзамон бо фаҷоеъи Ғаззаву Ғарби Осиё баргузор мешавад. Бонди саҳюнисти ҷинояткори ҳоким бар Фаластин, бо қасовате буҳтовару шақовату шарорате беназир, фоҷеаи Ғаззаро ба нуқтаи боварнакарданӣ расондааст. Акнун кӯдакони фаластинӣ фаротар аз бомбу гулулаву мушак, бо ташнагиву гуруснагӣ кушта мешаванд, хонаводаҳои доғдори азизону ҷавонону падарону модарон рӯз ба рӯз афзоиш меёбад. Чӣ касе бояд дар баробари ин фоҷеаи башарӣ биистад?
Бешаки давлатҳои исломӣ нахустин мухотаби ин таклифанд ва миллатҳо мутолибагарони амали давлатҳо ба он. Давлатҳои мусулмон шояд дар масоили гуногуне дучори ихтилофи назари сиёсӣ бошанд, ин набояд ононро аз иттифоқи назару ҳамкорӣ дар моҷарои саҳмгини Ғазза ва дифоъ аз мазлумтарин маҷмӯаи башарӣ дар ҷаҳони имрӯз боз дорад. Давлатҳои мусулмон бояд ҳамаи роҳҳои кумакрасонӣ ба режими саҳюниро масдуд кунанду дасти ҷинояткорро аз идомаи рафтори шақоватомез дар Ғазза кӯтоҳ созанд.
Амрико шарики қатъии ҷиноёти режими саҳюнӣ аст. Муртабитини Амрико дар ин минтақа ва дигар манотиқи исломӣ ба нидои Қуръон дар бораи дифоъ аз мазлум гӯш фаро диҳанду давлати мустакбири Амрикоро маҷбур ба таваққуфи ин рафтори золимона кунанд.
Ойини бароат дар ҳаҷ - гоме дар ин роҳ аст. Муқовимати эъҷобангези мардуми Ғазза масъалаи Фаластинро дар раъси таваҷҷуҳоти дунёи Ислому ҳамаи озодагони ҷаҳон қарор додааст. Аз ин фурсат бояд истифода кард ва ба ёрии ин миллати мазлум шитофт. Ба рағми талоши мустакбирону ҳомиёни режими саҳюнӣ барои фаромӯшии ному ёди масъалаи Фаластин, зоти шарири сардамдорони ин режиму сиёсати аҳмақонаи онон вазъияте падид оварда, ки имрӯз номи Фаластин аз ҳамеша дурахшонтару нафрати умумӣ аз саҳюниҳову ҳомиёнашон аз ҳамеша бештар аст ва ин фурсати муҳиме барои дунёи Ислом аст.
Сухангӯёну дорандагони ҷойгоҳҳои иҷтимоӣ лозим аст миллатҳоро огоҳу ҳассосу мутолиботи марбут ба Фаластинро густардатар кунанд.
Шумо ҳуҷҷоҷи саодатманд ҳам аз фурсати дуову ёрӣ талабидан аз Худои мутаол дар маросими ҳаҷ ғафлат наварзеду пирӯзӣ бар ситамгарони саҳюнӣ ва ҳомиёни онҳоро аз Худои мутаол масъалат кунед. Салавоту саломи Худо бар паёмбари гиромии Ислому хонадони мутаҳҳари ӯ ва салому дуруд бар ҳазрати Маҳдӣ бақиятуллоҳ (аҷҷалаллоҳи зуҳура).
Your Comment