5 Июн 2025 - 20:37
Source: Parstoday
Имом Хоманаӣ : Санъати ҳастаӣ марбут ба миллати Эрон аст, рабте ба Амрико ва дигарон надорад

Порстудей - Имом Хоманаӣ субҳи чаҳоршанбе дар иҷтимои азиму пуршӯри мардум дар ҳарами мутаҳҳари Имом (раҳ) дар табйини масъалаи миллии ҳастаӣ , бархӯрдории Эрон аз чархаи комилу ифтихоромези сӯхти ҳастаеро натиҷаи бовари миллату донишмандони ҷавон ба « мо метавонем » хонданд.

Раҳбари инқилоби исломӣ бо ишора ба таъсироти муҳими санъат(саноати)и ҳастаӣ дар пешрафти улӯму саноеъи дигар , тарҳи ҳастаии ироашудаи Амрикоро дар зиддияти комил бо асли роҳгушои « мо метавонем » донистанд ва таъкид карданд : Санъати азими ҳастаӣ бидуни ғанисозӣ амалан бефоида аст ва Амрико ва режими саҳюнистӣ бидонанд барои таҳаққуқи ҳадафи аслии худ, яъне ҷамъ кардани санъати ҳастаӣ дар Эрон , ҳеҷ ғалате наметавонанд бикунанд.

Ба гузориши Порстудей , Имом Хоманаӣ тасреҳ карданд : Эрон ба баракати ҳуши ҷавонону ҳиммати донишмандони пурталоши худ тавониста аз чархаи комили сӯхти ҳастаӣ бархӯрдор шавад; дар ҳоле ки кишварҳои соҳиби ин тавоноӣ дар дунё комилан маъдӯд(андак) ҳастанд .

Ишон фавойиди санъати ҳастаиро мунҳасир ба тавлиди барқи пок ва арзон надонистанд ва афзуданд : Санъати ҳастаӣ як санъати модар ва аслӣ аст ва бар асоси гузоришҳои мутахассисону донишмандон, ки бояд ба мардуми ҳам ироа шавад , арсаҳои мутанаввиъ(гуногун)и улӯми появу муҳандисӣ ҳамчун физики ҳастаӣ , муҳандисии энержӣ , муҳандисии мавод ва ҳамчунин фанновариҳои дақиқу ҳассос дар таҷҳизоти пизишкӣ , ҳаво-фазо ва ҳисгарҳои дақиқи электронӣ , вобаста ё мутаъассир аз санъати ҳастаӣ аст.

Имом Хоманаӣ : Санъати ҳастаӣ марбут ба миллати Эрон аст, рабте ба Амрико ва дигарон надорад

Ҳузури густардаи қишрҳои мухталифи мардум

Имом Хоманаӣ фойидаҳои санъати ҳастае дар бахши пизишкӣ ва доруӣ барои ташхис ё дармони бемориҳои сахт ва ҳамчунин таъсири ин санъат дар саноеъи муртабит бо кишоварзӣ ва муҳити зистро аз дигар арсаҳои корбурдии он баршумурданд ва гуфтанд : Дар санъати ҳастаӣ , ғанисозии уран , нуқтае асосӣ ва калидӣ аст, ки душманони мо ҳам бар рӯй ин нуқта даст гузоштаанд .

Ишон дар баёни иллати бефоида будани санъати азими ҳастаӣ бидуни бархурдорӣ аз тавоноии ғанисозӣ гуфтанд : Бидуни ғанисозӣ , барои таъмини сӯхти нерӯгоҳҳо бояд дасти ниёз ба самти дорандагони он дароз кунем ; монанди инки ба мо бигӯянд бо вуҷуди бархӯрдорӣ аз нафт , ҳаққи сохти полоишгоҳ ва тавлиди бензин надоред ва бояд барои хариду таъмини бензини худ , ба хости кишварҳои дигар амал кунед .

Имом Хоманаӣ : Санъати ҳастаӣ марбут ба миллати Эрон аст, рабте ба Амрико ва дигарон надорад

Ҳузури густардаи қишрҳои мухталифи мардум

Раҳбари инқилоби исломӣ афзуданд : Бидуни ғанисозӣ ва имкони тавлиди сӯхт , ҳатто доштани 100 нерӯгоҳи ҳастаӣ ба дарде намехӯрад ; чаро ки барои таъмини сӯхт бояд дар муқобили Амрико даст дароз кунем ва онҳо мумкин аст даҳҳо шарт барои ин кор таъйин кунанд; ҳамчунон ки дар даҳаи 80 ва барои таъмини сӯхти 20 дарсадӣ ин масаъла таҷриба шуд .Ишон ҳарфи аввалу мутолибаи амрикоиҳо дар мавзӯи ҳастаеро маҳрумияти комили Эрон аз ин санъату фойидаҳои гӯногӯни он барои мардум ва ҳамчунин бекору маъюс шудани ҳазорон пажӯҳишгару донишманди ҷавони ҳастаӣ хонданд ва гуфтанд : Сардамдорони беадабу густохи Амрико ин хостаро ба забонҳои мухталиф такрор мекунанд .Ишон воқеияти мутолиботи зӯргуёнаи Амрикоро мухолифат бо пешрафту истиғнои миллати Эрон донистанд ва таъкид карданд : Ин ҳақоиқро гуфтем, то миллати Эрон то ҳудуде дар ҷараён қарор бигирад ; масъӯлон ҳам бояд бештар тавзеҳ диҳанд .

Имом Хоманаӣ : Санъати ҳастаӣ марбут ба миллати Эрон аст, рабте ба Амрико ва дигарон надорад

Ҳузури густардаи ақшори мухталифи мардум

Имом Хоманаӣ бо таъкид бар инки « посухи мо ба ёвагӯйиҳои давлати пурсару садо ва бетадбири Амрико маълум аст » , изҳори аҷзи чанд сол қабли яке аз раисони ҷумҳӯри Амрикоро мабнӣ бар инки агар метавонистам печу муҳраҳои санъати ҳастаии Эронро боз мекардам , ёдоварӣ карданд ва афзуданд : Имрӯз печу муҳраҳои санъати ҳастаии мо бисёр маҳкамтар шудааст ва ҳамчунон ки он раиси ҷумҳӯр эътироф кард, ки натавонист коре аз пеш бибарад , ҳокимони имрӯзаи саҳюнӣ ва Амрико ҳам бидонанд, ки дар ин маврид ҳеҷ ғалате наметавонанд бикунанд .

Имом Хоманаӣ : Санъати ҳастаӣ марбут ба миллати Эрон аст, рабте ба Амрико ва дигарон надорад

Ҳузури густардаи ақшори мухталифи мардум

Ишон аввалин ҳарфи Ҷумҳурии исломӣ ба тарафи амрикоӣ ва дигар мухолифони санъати ҳастаии Эронро зери савол бурдани мабнои ҳуқуқии иддаоҳои онҳо донистанд ва гуфтанд : Ҳарфи мо ба онҳо ин аст, ки ихтиёри миллати Эрон ба дасти худаш аст. Шумо чи кора ҳастед ва аз чи мавзеи ҳуқуқӣ дар хусуси доштан ё надоштани ғанисозии мо дахолат мекунед ?

Имом Хоманаӣ : Санъати ҳастаӣ марбут ба миллати Эрон аст, рабте ба Амрико ва дигарон надорад

Раҳбари инқилоби исломӣ дар иҷтимои азиму пуршӯри мардум дар ҳарами мутаҳҳари Имом Хумайнӣ ( раҳ ) , бо ишора ба таъсироти маҳсуси Инқилоби исломӣ дар таҳаввулоти имрӯзаи ҷаҳон таъкид карданд : Имоми роҳили азимуш-шаън бо тадбиру ақлонияти бархоста аз имон , усӯли истимрори ҳаракати муқтадиронаву иззатманди инқилобу кишварро зайли мафҳуми асосии « истиқлоли миллӣ » гунҷонд ва Эрони азиз дар партави ҳамин усӯл ба пешрафт , рифоҳи умумӣ , амнияти пойдор , иртиқои бештари мавқеъияти хориҷӣ ва ояндаи равшани худ даст хоҳад ёфт.

Имом Хоманаӣ : Санъати ҳастаӣ марбут ба миллати Эрон аст, рабте ба Амрико ва дигарон надорад

Ҳузури густардаи ақшори мухталифи мардум

Имом Хоманаӣ дар бахши поёнии суханонашон бо ишора ба ҷиноёти ҳайратангезу ғайри қобили бовари режими саҳюнистӣ дар Ғазза, ки бо эҷоди марказе ба унвони тақсими ғизои мардумро ба рагбор мебанданд , гуфтанд : Ин ҳад аз пастӣ , хабосат , шақоват ва шарорат воқеан ҳайратовар аст .

Имом Хоманаӣ : Санъати ҳастаӣ марбут ба миллати Эрон аст, рабте ба Амрико ва дигарон надорад

Ҳузури мақомҳои хориҷӣ дар ҳарами мутаҳҳари Имом Хумайнӣ ( раҳ )

Ишон Амрикоро шарики ҷиноёти режими саҳюнистӣ хонданд ва афзуданд : Ба ҳамин далел аст, ки исрор дорем Амрико бояд аз ин минтақа хориҷ шавад.

Имом Хоманаӣ таклиф(масъулият)и давлатҳои исломиро сангин хонданд ва бо таъкид бар инки имрӯз ҷои мулоҳиза , муҳофизакорӣ , бетарафӣ ва сукут нест , тасреҳ карданд : Агар як давлати исломӣ ба ҳар шаклу баҳонае чӣ бо оддисозии равобит , чӣ бо бастани роҳи кумак ба мардуми Фаластин ва чӣ бо тавҷеҳ(ҳақбарори)и ҷиноёти саҳюнистҳо аз ин режим ҳимоят кунад , яқин бидонад, ки нанги абадӣ бар пешонии он хоҳад монд.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha