5 Июн 2025 - 20:41
Source: Parstoday
Оё Фаластин пеш аз ишғол як сарзамини холӣ буд?

Ривоятҳои таърихӣ ҳамвора дар шаклдиҳии афкори умумӣ ва машруияти бахше ба иқдомоти сиёсӣ нақши таъйинкунандае доштаанд.

Яке аз пурчолиштарини ин ривоятҳо тасвире аст, ки режими Исроил ва ҳомиёни он аз сарзамини Фаластин пеш аз таъсиси ин режим ироа додаанд.

Дар ин тасвири таҳрифшуда Фаластин ба унвони сарзамине холӣ, бесакана ва билоистифода муаррифӣ мешавад, ки ҳеҷ таърихе, фарҳанге ё мардуме пеш аз вуруди саҳюнизм дар он вуҷуд надоштааст. Аммо оё воқеан чунин будааст?

Афсонаи “сарзамини холӣ”яке аз сутунҳои таблиғотии саҳюнизм барои тавҷеҳи ишғоли Фаластин аст. Иддаои вазорати хориҷаи Исроил дар бораи ин ки Фаластин дар соли 1800 мелодӣ биёбоне холӣ ва матрук буда, комилан нодуруст ва бепоя аст. Пажӯҳишҳо нишон медиҳад, Фаластин дар он замон як ҷомеаи пӯё, фаъол ва сарсабзи миёназамин будааст. Заминҳои кишоварзӣ, шабакаи банодири тиҷорӣ, масирҳои заминӣ байни навоҳии дохилӣ ва шаҳрҳои таърихие монанди Қудсу Байти Лаҳм нишонаҳое аз тавсеаву пӯёии иҷтимоӣ ва иқтисодии ин минтақаанд.

Дар воқеъ, афсонаи “сарзамини холӣ” бо шавоҳиди таърихӣ, бостоншиносӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ ба вузуҳ дар тазод аст. Баррасии дақиқи таърихи Фаластин пеш аз таъсиси Исроил нишон медиҳад, ки ин сарзамин на биёбоне матрук, балки ҷомеае зинда, пурҷамъият ва дорои ҳувияти таърихӣ ва сиёсии мушаххас будааст. Ҳақиқате ки ривоятҳои расмии Исроил онро омидона нодида мегиранд. Ривояти маъруфе, ки Исроил ва ҳомиёни он тарвиҷ мекунанд, ин аст, ки Фаластин пеш аз вуруди саҳюнизм як сарзамини холӣ, биёбонӣ ва фоқиди сакана будааст. Ин афсона, ки имрӯза ҳам дар китобҳои дарсӣ ва расонаҳои расмии Исроил тадрис ва такрор мешавад, ба унвони пояи идеологӣ барои тавҷеҳи ишғоли ин сарзамин ва таъсиси Исроил матраҳ шудааст. Аммо додаҳои таърихӣ, шавоҳиди бостоншиносӣ ва асноди бӯмиву байналмилалӣ хилофи ин тасвири ҷаълиро нишон медиҳанд.

Номи Фаластин аз даврони императории Руми Бостон вориди манобеи таърихӣ шуд. Ин ном баъдҳо дар даврони Бизонс (Руми Шарқӣ) низ барои ин минтақа истифода мешуд. Мардуми бумии Фаластин дар ин даврон бахше аз ҷомеаи бузурги императорӣ буданд. Бо зуҳури Ислом дар қарни ҳафтуми мелодӣ, Фаластин ба унвони сарзамине муҳим барои мусулмонон шинохта шуд, ҷое ки нахустин қибла ва сеюмин макони муқаддаси Ислом, яъне Масҷидулақсо дар он қарор дорад. Пас аз он Фаластин қарнҳо бахше аз ҷаҳони Араб ва Ислом боқӣ монд. Ҳатто дар давраҳое чун ҷангҳои салибӣ, ки контроли он барои муддате ба дасти масеҳиён афтод, ин сарзамин ҳамчунон дар конуни тавваҷуҳи императориҳои мазҳабиву сиёсӣ қарор дошт.

Аз қарни шонздаҳум то поёни ҷанги ҷаҳонии аввал Фаластин зери султаи императории Усмонӣ буд; даврае ки нақши муҳиме дар шаклгирии ҷомеаи муосири Фаластин дошт. Вақте усмониҳо вориди ин сарзамин шуданд, бо ҷомеае умдатан рустоӣ, мусулмону арабзабон мувоҷеҳ шуданд. Танҳо ҳудуди 5 дарсад аз ҷамъияти он замонро яҳудиён ташкил медоданду ақаллияти кӯчаке низ аз масеҳиён дар онҷо зиндагӣ мекарданд. Бар хилофи таблиғоти расмии Исроил, яҳудиёни он замон на танҳо дар ақаллият буданд, балки бисёре аз онҳо худ бо идеяҳои муҳоҷирати саҳюнистӣ мухолифат мекарданд.

Аз назари фарҳангӣ, мардуми Фаластин дорои ҳувияти мушаххасе буданд. Гӯиши арабии хоси худро доштанд, суннатҳову одоби маҳаллиашон побарҷо буд ва дар нақшаҳои ҷаҳону асноди расмӣ ба унвони сокинони сарзамине ба номи Фаластин шинохта мешуданд. Пеш аз вуруди расмии ҷунбиши саҳюнизм, ҳисси тааллуқ ба хок, натсионализм ва талош барои истиқлол дар байни нухбаҳои фаластинӣ ба шиддат дар ҳоли густариш буд. Миллигароии арабӣ, ки ҳамзамон дар дигар нуқоти Ховари Миёна шакл мегирифт, бар Фаластин низ асар гузошт. Ин андешаҳо, ки бахше аз он аз тариқи мубаллиғони амрикоӣ, ки барои тарвиҷи масеҳият ба минтақа омада буданд, мунтақил шуд, хеле зуд дар қолаби як ҷараёни мустақили фикрӣ тавассути равшанфикрони араб тақвият шуд.

Гуруҳҳои миллигарои мусулмону масеҳӣ ба суръат дар Фаластин шакл гирифтанду хоҳони худмухторӣ ва сипас истиқлол аз Усмонӣ шуданд. Ҳатто бархе яҳудиёни бумӣ низ дар ин ҷараёнҳо мушорикат доштанд. Дар остонаи фурӯпошии императории Усмонӣ, Фаластин дар масири таърифи худ ба унвони як кишвари модерн қарор дошт. Рӯзномаҳое чун “Фаластин” дар авоили қарни бистум бозтоби ин ҳувияти навин буданд.

Аммо бо поёни Ҷанги ҷаҳонии аввал, оғози сарпарастии Британия бар Фаластин ва муҳоҷирати иҷбории яҳудиён аз Аврупо ва манотиқи дигар, тавозуни таърихии ин сарзамин дучори дигаргунии амиқе шуд. Британия дар тавофуқҳои сиёсии худ ҳаргиз мушаххас накард, ки Фаластин мутааллиқ ба чӣ касе аст. Сокинони бумии араб ё муҳоҷирони яҳудӣ? Ҳамин ибҳом заминасози ишғоли тадриҷии заминҳои фаластиниён тавассути саҳюнистҳо шуд. Ҳамчунин сохтори ҷадиди марзҳо ба саҳюнистҳо кумак кард то арзи Исроилро ба унвони як сарзамини машруъ барои яҳудиён тасвир кунанд.

Дар ҳоле ки афсонаи “Фаластин сарзамини холӣ буд” яке аз сутунҳои аслии машруиятбахшӣ ба Исроил аст, асноди таърихӣ, шавоҳиди фарҳангӣ ва воқеиятҳои ҷамъиятӣ ҳама нишон медиҳанд, ки Фаластин ҳаргиз холӣ аз сокинон набудааст. Ин сарзамин бахше зинда аз дунёи Араб ва дар масири навсозиву истиқлоли миллӣ қарор доштааст.

Илон Попа, нависандаи китоби “Даҳ ғалати машҳур дар бораи Исроил” дар пажӯҳише мустанад ва бетарафона нишон медиҳад, ки саҳюнизм бо эҷоди як ривояти дурӯғин талош карда то ҳувияти Фаластину мардумашро нодида бигирад.

Дар воқеъ, Фаластин пеш аз саҳюнизм на танҳо холӣ набуд, балки сарзамине зинда, сарсабз, пурҷамъият ва дорои ҳувияти таърихӣ буд, ки раванди табиии истиқлолу тавсеаи он бо пружаи саҳюнизм дучори гусаст шуд ва ин барои мардуме, ки қарнҳо дар он сарзамин зиста буданд, ба як фоҷеаи таърихӣ табдил гашт.

Your Comment

You are replying to: .
captcha