Ин тасмим шомили қатъи ҳамкориҳои омӯзишӣ, пажӯҳишӣ, тиҷорӣ ва ҳамчунин поён додан ба сармоягузориҳо ва тавофуқномаҳои табодули донишҷӯ бо муассисоти исроилӣ аст; ҳамчунин Донишгоҳи Тринити дигар ҳеч гуна тасҳил ё ҳимоят аз ҳамкорӣ бо ниҳодҳои исроилӣ анҷом нахоҳад дод.
Қатъи равобити Донишгоҳи Тринитии Ирландия бо режими саҳюнистӣ як рӯз пас аз он эълом шуд, ки Донишгоҳи Женева дар Швейтсария низ ба далели ҷанг дар Ғазза, ҳамкориҳои худро бо Донишгоҳи ибрии Қудс, аз муҳимтарин донишгоҳҳои Фаластини ишғолӣ, қатъ карда буд.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНА, шӯрои мудирияти Донишгоҳи Тринитӣ дар пайи корзори панҷрӯзае аз сӯи донишҷӯён дар муҳавватаи донишгоҳ, ин тасмимро иттихоз ва аз тариқи эмейл ба онон итилоъ дод.
Ин таҳаррукоти донишҷӯӣ дар эътироз ба ҷангу буҳрони инсонӣ дар Ғазза шакл гирифта буд.
Дар паёме, ки аз суи Paul Farrell, раиси Шӯрои мудирияти донишгоҳ мунташир шуд, омадааст: “Донишгоҳи Тринити равобити ниҳоди худро бо (режим)-и Исроил, донишгоҳҳо ва ширкатҳои исроилӣ қатъ мекунад ва ин вазъият то замоне, ки нақзи қавонини байналмилалӣ ва инсонӣ дар Ғазза идома ёбад, побарҷо хоҳад буд”.
Ирландия, яке аз кишварҳое аст, ки ба сурати расмӣ аз иқдомоти қонӯнии Африқои Ҷанубӣ зидди режими саҳюнистӣ дар Девони байналмилалии додгустарӣ, ба иттиҳоми иртикоби наслкушӣ дар Ғазза ҳимоят кардааст. Ҳамчунин давлати Ирландия дар моҳи майи гузашта, Фаластинро ба унвони кишваре мустақил ва дорои ҳокимият ба расмият шинохт.
Режими саҳюнистӣ бо ҳимояти давлати Амрико аз ҳафтуми октябри 2023 то 19 январи 2025 ҷанги вайронгареро зидди сокинони Борикаи Ғазза ба роҳ андохт, ки харобиҳои густарда ва талафоти инсонии зиёде бар ҷо гузошт, аммо ба аҳдофи эълом шуда худ, яъне нобудии Ҷунбиши муқовимати исломӣ (Ҳамос) ва озодии асирони саҳюнист нарасид.
19 январи 2025 бар асоси тавофуқе миёни Ҳамос ва режими саҳюнистӣ, дар Борикаи Ғазза оташбас барқарор шуд, аммо артиши ин режим аз 18 март бо нақзи мафоди оташбас, таҷовузҳои низомии худ ба Борикаи Ғаззаро аз сар гирифт ва талоши кишварҳои мухталиф барои мутаваққиф кардани ҷиноёти режими саҳюнистӣ зиди занону кӯдакони бепаноҳи Навори Ғазза, токунӯн бенатиҷа будааст.
Бо тадовуми таҷовузҳои режими саҳюнистӣ ба Борикаи Ғазза, шумори куллии шуҳадои ин минтақа аз ҳафтуми октябри 2023 то кунун ба ҳудӯди 55 ҳазор расид.
342/
Your Comment