Ба гузориши Порстудей ба нақл аз хабаргузории Меҳр , Сайидаббоси Ироқчӣ-вазири хориҷаи Эрон рӯзи сешанбе дар нишасти хабарӣ дар Лубнон гуфт : Ин ша Аллоҳ ба масири худамон дар густариши масири сиёсӣ ва иқтисодии миёни Эрону Лубнон идома хоҳем дод.
Ироқчӣ афзуд : Ҷумҳурии исломии Эрон ба сӯрати комил аз истиқлолу ҳокимият ва тамомияти сарзаминии Лубнон ҳимоят мекунад ва мо ба дунболи равобите ҳастем, ки бар асоси эҳтиром, манфиатҳои мутақобил ва дахолат накардан дар умӯри дохилии кишварҳои якдигар устувор бошем . Вай гуфт : Ишғоли бахшҳое аз сарзамини Лубнон тавассути режими саҳюнистиро маҳкӯм мекунем ва аз ҳамаи талошҳои давлату миллати Лубнон барои ихроҷи ишғолгарон ба ҳар василае аз ҷумла аз тариқи дипломосӣ ҳимоят мекунем . Вазири умӯри хориҷаи Эрон таъкид кард : Дар хусӯси бозсозии Лубнон ширкатҳои эронӣ омодагӣ доранд мушорикат дошта бошанд ва агар давлати Лубнон алоқаманд бошад аз тариқи давлати Лубнон анҷом хоҳад шуд .
Вай тасреҳ кард : Мо аз гуфтугӯҳои миллӣ , ваҳдати миллӣ , вифоқи миллӣ дар Лубнон ҳимоят мекунем ва аз ҳар тасмиме, ки тоифаҳои Лубнон гиранд, ҳимоят хоҳем кард. Ин гуфтугӯҳо фақат ба худи лубнониҳо марбут мешавад ва ҳеҷ кишвари хориҷие ҳаққи дахолат надорад.
Нависандагони Испания : Режими саҳюнистӣ поймолкунандаи қонунҳои байналмилалӣ аст
Беш аз 400 нависандаи испанияӣ режими саҳюнистиро ба поймолсозии қонунҳои байналмилалӣ муттаҳам кардаву хостори « поёни фаври »и ҳамлаҳои ин режим ба Ғазза шуданд . Ин нависандагон, ки дар ҳавзаи адабиёти кӯдаку навҷавон ва бузургсолон фаъолият мекунанд , рӯзи сешанбе дар баёнияи муштараке эълом карданд : Мо аз ҷомеъаи байналмилалӣ мехоҳем, ки барои поёни фаврии ин ҳамлаҳои бемуҳобо ва таваққуфи тиҷорати таҷҳизоти низомӣ, ки алайҳи ғайринизомиён истифода мешавад , талош кунанд .
Шӯрои Аврупо : Оташбас дар Ғазза барқарор шавад
Антонио Каста - раиси Шӯрои Аврупо авзоъи борикаи Ғаззаро фоҷеъаомез тавсиф ва бар таваққуфи ҳамлаи низомии режими саҳюнистӣ ва оташбас дар ин борика таъкид кард .Каста сешанбешаб дар шабакаи иҷтимоии Х навишт : Авзоъи Ғазза ҳамчунон фоҷеъаомез аст. Мо аз Исроил мехоҳем мамнӯъияти ирсоли кумакҳои башардӯстона ( ба Ғазза )-ро комилан бекор ва амалиёти низомии худро мутаваққиф кунад . Вай афзуд : Бозгашти фаврӣ ба оташбасе, ки мунҷар ба озодии ҳамаи асирон ва поёни доимии хусуматҳо шавад , амри зарурӣ аст.
Украин : Русия ба пешниҳоди сулҳ посух надодааст
Андрей Сибиха-вазири хориҷаи Украини сешанбешаб дар шабакаи иҷтимоии Х навишт : Натиҷагирии расмии Украина пас аз дуюмин нишаст дар Истанбул ба ин шарҳ аст ; Русия ба санади мо, ки дидгоҳи Украина дар бораи поён додан ба ҷангро ташреҳ карда , посух надодааст . Вай бо баёни ин ки « Мо хоҳони посухи Русия ҳастем » навишт : Ҳар рӯзе, ки бо сукут сипарӣ мешавад , собит мекунад, ки онҳо хостори идомаи ҷанг ҳастанд .
Англия : 100 ҳазор паҳпод ба Украина медиҳем
Давлати Англия рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, ки ирсоли паҳпод ба Украинаро афзоиш дода ва то апрели 2026 сад ҳазор дона аз ин таҷҳизоти низомиро ба Киев хоҳад дод . Бино ба эъломи давлати Англия ин паҳподҳо 473 миллион доллар арзиш доранд ва бахше аз бастаи ҳимояти низомии 4.5 миллиард фондӣ барои ба Украина аст.
Куба : Амрико ба дунболи таниш аст
Муовини бахши умӯри Амрико дар Вазорати хориҷаи Куба , Вашингтонро ба афзоиши танишҳо ва талош барои эҷоди даргирии низомӣ бо Гавана муттаҳам кард . Иёганна Таблада рӯзи сешанбе дар сафорати Куба дар Вашингтон гуфт, ки даргирии мусаллаҳона миёни 2 кишвар дар давраи ҷанги сард « эдеяи хубе набуд . » Вай таъкид кард, ки давлати Трамп қасд дорад « равобити моро муташанниҷ ва қатъ кунад ва ба бовари ман , ҳатто дар сурати лузум шароите барои тақобули низомӣ эҷод кунад. »
Тарафи амрикоӣ аз пружаи нуфуз ба Ғазза аз тариқи кумакҳои башардӯстона хориҷ шуд
Рӯзномаи амрикоии « Вашингтон пост » аз хурӯҷи ширкати мушовараи амрикоӣ « Бостон консолтинги груп » аз Бунёди ба истилоҳ кумакҳои башардӯстонаи Ғазза, ки мавриди ҳимояти Амрико ва режими саҳюнистӣ аст , хабар дод . Ин бунёд муттаҳам ба сӯъиистифода аз абзори гуруснагӣ барои эҷоди низои дохилӣ миёни фаластиниҳо ва ҷосӯсӣ аз онҳост .
Эрон : Ба бархӯрди сиёсӣ бо парвандаи ҳастаӣ дар Шӯрои мудирон посух медиҳем
Козими Ғарибободӣ-муовини ҳуқуқӣ ва байналмилалии Вазорати умӯри хориҷаи Эрон рӯзи сешанбе гуфт : Агар бархӯрдҳо бо парвандаи Эрон дар нишасти ояндаи Шӯрои мудирон сиёсӣ бошад , тарафи муқобил набояд интизор дошта бошад, ки мо ҳамчунон бо хештандории комил ва бидуни вокуниш рафтор кунем, балки рафтору сиёсатҳои мо мутаносиб бо рафтори онҳо танзим хоҳад шуд.
Your Comment