Сайид Руҳуллоҳ Хумайнӣ дар 1 меҳри соли 1281 ҳиҷрии шамсӣ дар Хумайни Эрон ба дунё омад. Оқои Сайид Мустафо, падари эшон аз мунтақидони хонҳову маъмурони ҳукумати он замон, яъне Музаффариддиншоҳи Қоҷор буд ва замоне ки Рӯҳуллоҳ панҷ моҳ бештар надошт, ба шаҳодат расид. Имом Хумайнӣ пас аз мутолеаи улуми исломӣ дар Хумайн, барои такмили таҳсилоти худ ба Арок ва аз онҷо ба Қум рафту тадриси улуми фалсафиро дар синни 27 солагӣ оғоз кард. Бо шиддат гирифтани иқдомоти золимонаи режими Паҳлавӣ, эшон низ ба интиқод аз режим ва сипас мубориза аз тариқи огоҳирасонӣ ба мардуми мусулмони Эрон пардохт.
Мавозеи сарсахтонаи имом Хумайнӣ алайҳи лоиҳаи копитулосиун (масунияти мусташорони амрикоӣ аз пайгарди қазоӣ дар Эрон) дар соли 1343 сабаб шуд, ки режими шоҳ эшонро ба Туркия ва пас аз он ба Наҷаф табъид кунад. Табъиди имом Хумайнӣ на танҳо ҳаракати инқилоби исломиро мутаваққиф накард, балки эшон дар даврони табъид низ ба равшангарии мардум нисбат ба хиёнатҳову ҷиноятҳои режим пардохт. Бо авҷгирии эътирозот дар солҳои 1356 ва 1357 саранҷом дар 22 баҳмани 1357 инқилоби исломии Эрон ба пирӯзӣ расид.
Дар пайи пирӯзии инқилоби исломӣ ба раҳбарии имом Хумайнӣ, эшон мардумро даъват ба ширкат дар интихоботи низоми Ҷумҳурии исломии Эрон кард ва бо раъйи 98 дарсадии мардум ин низоми исломиро бунён гузошт. Пас аз пирӯзии инқилоб ҳам имом Хумайнӣ ба ҳидояти умури Эрон пардохт. Имом Хумайнӣ дар соли 1358 ба бемории қалбӣ мубтало шуд ва ба дастури пизишк аз Қум ба Теҳрон омад. Эшон соли 1368 дар 81 солагӣ аз дунё рафтанд.
Дар ин матлаб аз Порс-Тудей нигоҳе ба 10 ҷумлаи калидии имом Хумайнӣ (раҳ), раҳбари инқилоби исломии Эрон дар бораи масоили мухталиф андохта шудааст:
Мубориза бо Амрикои ҷаҳонхор
“Ҷаҳон бояд бидонад, ки Эрон роҳи худро пайдо кардааст ва то қатъи манофеи Амрикои ҷаҳонхор, ин душмани кинатӯзи мустазъафини ҷаҳон, бо он муборизае оштинопазир дорад ва ҳаводиси Эрон на танҳо моро барои лаҳзае ақиб нахоҳад нишонд, ки миллати моро дар нобудии манофеи он мусаммамтар хоҳад кард. Мо муборизаи сахту беамони худро алайҳи Амрико шуруъ кардаем ва умедворем фарзандонамон бо озодӣ аз зери юғи ситамкорон, парчами тавҳидро дар ҷаҳон ба эҳтизоз дар биоваранд. Мо яқин дорем агар дақиқан ба вазифаамон, ки мубориза бо Амрикои ҷинояткор аст, идома диҳем, фарзандонамон шаҳди пирӯзиро хоҳанд чашид».
Рафъи вобастагиҳо
«Акидан тавсия мекунам, ки ба бӯқҳои таблиғотии мухолифони Ислому Ҷумҳурии исломӣ гӯш фаро наддиҳед, ки ҳама кӯшиш доранд, ки Исломро аз саҳна берун кунанд, ки манофеи абарқудратҳо таъмин шавад. Бо иродаи мусаммаму фаъолияту пуштикори худ ба рафъи вобастагиҳо қиём кунед».
Дифоъ аз мазлум
«Инқилоби мо исломӣ аст ва то мубориза дар ҳар ҷои ҷаҳон алайҳи мустакбирин ҳаст, мо ҳастем. Мо аз мардуми бепаноҳи Лубнону Фаластин дар муқобили Исроил дифоъ мекунем».
Эълони бароат; марҳалаи аввали мубориза
«Эълони бароат, марҳалаи аввали мубориза ва вазифаи мост ва дар ҳар асру замоне ҷилваҳову шеваҳову барномаҳои мутаносиби худро металабад ва бояд дид, ки дар асре ҳамонанди имрӯз, ки сарони куфру ширк, ҳамаи мавҷудияти тавҳидро ба хатар андохтаанду тамомии мазоҳири милливу фарҳангиву диниву сиёсии миллатҳоро бозичаи ҳавасҳову шаҳватҳо намудаанд, чӣ бояд кард?».
Шаҳодат
«Як миллате ки зану мардаш барои ҷонфишонӣ ҳозиранду талаби шаҳодат мекунанд, ҳеҷ қудрате бо он наметавонад муқобила кунад».
Паймон бо Худо
«Ман бо Худои худ паймон бастаам, ки ризои ӯро бар ризои мардуму дӯстон муқаддам дорам, агар тамоми ҷаҳони алайҳи ман қиём кунанд, даст аз ҳаққу ҳақиқат барнамедорам. Ман коре ба таъриху ончӣ иттифоқ меуфтад, надорам, ман танҳо бояд ба вазифаи шаръии худ амал кунам».
Муфтахар ба Ислому Қуръон
«Мо муфтахарему миллати азизи сартопо мутааҳҳид ба Ислому Қуръон ҳам муфтахар аст, ки пайрави мазҳабе аст, ки мехоҳад ҳақоиқи қуръонӣ, ки саросари он аз ваҳдат байни муслимину башарият дам мезанад, аз мақбараҳову гӯристонҳо наҷот дода ва ба унвони бузургтарини нусхаи наҷотдиҳандаи башар аз ҷамеи қайдҳое, ки бар пою дасту қалбу ақли ӯ печидааст ва ӯро ба сӯи фанову нестиву бардагиву бандагии тоғутиён мекашонад, наҷот диҳад..».
Инқилоби исломии Эрон - тӯҳфаи илоҳӣ
«Ин инқилоби бузург, ки дасти ҷаҳонхорону ситамгаронро аз Эрони бузург кӯтоҳ кард, бо таъйидоти ғайбии илоҳӣ пирӯз гардид. Шак набояд кард, ки инқилоби исломии Эрон аз ҳамаи инқилобҳо ҷудост, ҳам дар пайдоиш ва ҳам дар кайфияти мубориза ва ҳам дар ангезаи инқилобу қиём. Ин инқилоб як тӯҳфаи илоҳӣ ва ҳадяи ғайбӣ буда, ки аз ҷониби Худованди маннон бар ин миллати мазлуми ғоратзада иноят шудааст».
Наҷоти мустазъафон
«Умедворам, ки ин наҳзат ва ин инқилоб мунтаҳӣ бишавад ба зуҳури ҳазрати Маҳдӣ (а.ҷ) ва умедворам, ки ин инқилоби мо ба ҳамаи дунё ва барои ҳамаи мустазъафин, барои наҷоти ҳамаи мустазъафин содир бишаваду ҳама ҳамон роҳе, ки барои Шумо ҳаст ва ғалаба кардед бар душмани Ислому душмани миллат, мустазъафин ҳам ғалаба кунанд бар мустакбирин».
Вилояти фақеҳ
« . . . Ман ба ҳамаи миллат, ба ҳамаи қувои интизомӣ, итминон медиҳам, ки амри давлати исломӣ агар бо назорати фақеҳу вилояти фақиҳ бошад, осебе бар ин мамлакат нахоҳад ворид шуд. Гӯяндагон ва нависандагон натарсанд аз ҳукумати исломӣ ва натарсанд аз вилояти фақеҳ, вилояти фақеҳ он тавр, ки Ислом муқаррар фармудааст ва аиммаи мо насб фармудаанд, ба касе садама ворид намекунад, диктаторӣ ба вуҷуд намеоварад, коре ки бар хилофи масолеҳи мамлакат аст, анҷом намедиҳад».
Your Comment