6 Июн 2025 - 21:40
Source: Parstoday
Таъкиди раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Эрон бар тавсеаи ҳамкориҳо

Дар гуфтугӯи телефонӣ ба муносибати иди саиди Қурбон, президентҳои Тоҷикистону Эрон зимни табрики ҳамдигар бо иди саиди Қурбон, бар иҷрои тавофуқоти ахир ва тақвияти равобити дуҷониба бар пояи манофеи муштараку иштирокоти фарҳангӣ таъкид карданд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои эронии худ сиҳатмандӣ ва комёбиҳои навро таманно ва ба тамоми мардуми дӯсту бародари Эрон сулҳу оромӣ ва пешрафту шукуфоии бардавом орзу намуд.

Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон низ дар тамоси телефонии рӯзи панҷшанбе бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаро расидани иди саиди Қурбонро ба давлату миллати бародар ва ҳамфарҳанги Тоҷикистон табрик гуфт.

Масъуди Пизишкиён дар ин гуфтугӯи самимона, бо ишора ба пайвандҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва забонӣ миёни ду кишвар, сатҳи муносиботи дуҷонибаро бисёр матлуб арзёбӣ кард ва бо қадрдонӣ аз мизбонии шоиставу фароҳамсозии муқаддамоти сафари оқои Ориф, муовини аввали раёсати ҷумҳурӣ ба шаҳри Душанбе ва ҳамчунин тавофуқоти самарабахши ҳосилшуда дар ин сафар, ибрози умедворӣ кард: Иҷрои комили ин тавофуқот ба таъмиқи равобит, густариши ҳамкориҳои роҳбурдӣ ва таъмини манофеи муштараки ду миллат мунҷар шавад.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо таъкид бар иштирокоти амиқи таърихиву фарҳангӣ ва раванди рӯ ба густариши равобити ду кишвар, бар иродаи росихи масъулони олирутбаи Тоҷикистону Эрон барои таъмиқу таҳкими муносиботи дуҷониба дар тамоми ҳавзаҳо таъкид кард.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha