Ба гузориши Порс-Тудей, ба нақл аз Исна, Сайид Аббоси Ироқчӣ рӯзи ҷумъа, дар шабакаи иҷтимоии «Х» навишт: Пас аз солҳо ҳамкории хуб бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, ки ба судури қатъномае мунҷар шуд, ки иддаоҳои муғризона дар бораи абъоди низомии эҳтимоли (PMD)-и Барномаи ҳастаии сулҳомези Эронро махтума кард, кишвари ман бори дигар ба «адами пойбандӣ» муттаҳам шудааст.
Ироқчӣ бо баёни ин ки ба ҷои таомул бо ҳусни ният, се кишвари аврупоӣ даст ба иқдоме муғризона алайҳи Эрон дар Шӯрои ҳуккоми ожонс задаанд, гуфт: Замоне ки ин се кишвар дар соли 2005 низ ҳамин рафтори нодурустро дар пеш гирифтанд, натиҷаи он аз бисёре ҷиҳот таваллуди воқеии ғанисозии ураниум дар Эрон буд. Оё воқеан се кишвари аврупоӣ тайи ду даҳаи гузашта ҳеҷ дарсе наёмухтаанд?
Ин дипломати олирутбаи Ҷумҳурии исломии Эрон афзуд: Иттиҳомзании нодуруст ба Эрон дар бораи нақзи подмонҳо - он ҳам бар асоси гузоришҳои сусту сиёсишуда ошкоро бо ҳадафи эҷоди буҳрон сурат мегирад.
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон хотирнишон кард: «Дар ҳоле ки Аврупо дар остонаи як иштибоҳи роҳбурдии бузурги дигар қарор дорад, сухани манро ба ёд дошта бошед: Эрон дар баробари ҳар гуна нақзи ҳуқуқи худ вокунише қотеъ нишон хоҳад дод. Масъулияти комилу инҳисорӣ бар ӯҳдаи бозигарони бемасъулияте аст, ки барои ворид кардани худ ба ҳар коре даст мезананд».
342/
Your Comment