Ба гузориши хабаргузории Абно, Ҳамос аз посухи худ ба пешниҳоди Виткофф хабар дод.
Ҷунбиши муқовимати исломӣ (Ҳамос) бо судури баёнияе эълом кард: "Пас аз анҷоми ройзаниҳо ва машваратҳои мухталиф дар сатҳи миллӣ ва бо таваҷҷуҳ ба масъулиятпазирии худ дар қиболи миллати Фаластин ва ранҷҳои он, ҷунбиши муқовимати исломӣ (Ҳамос) имрӯз посухи худ ба пешниҳоди ахири Стив Виткофф, намояндаи давлати Амрикоро ба бародарони миёнҷигар таслим карда, ки таҳқиқбахши оташбаси доим, ақибнишинии комил аз навори Ғазза ва тазмини дастрасии миллати Фаластин, ба вижа дар навори Ғазза ба кумакҳои башардӯстона аст."
Дар баёнияи Ҳамос омадааст: "Дар чорчӯби ин тавофуқ 10 нафар аз асирони ишғолгарон, ки назди муқовимат буда ва ҳамчунон зинда ҳастанд, озод гардида ва илова бар он 8 ҷасад аз асирони исроилӣ низ таҳвил дода мешавад ва дар муқобил теъдоде мавриди тавофуқӣ аз асирони фаластинӣ озод хоҳанд шуд."
342/
Your Comment