Ба гузориши Порс Тудей, Саймон Ҳаррис, муовини нахуствазиру вазири умури хориҷа, тиҷорату дифои Ирландия рӯзи шанбе дар паёме дар расонаи иҷтимои “Х” бо баёни инки ин кишвар ба дунболи тасвиби қонуне барои таълиқи тиҷорат бо ширкатҳои саҳюнистии мустақар дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин аст, эълом кард: Давлати Ирландия ба дунболи тасмимгирии расмӣ дар мавриди ин лоиҳа хоҳад буд ва умедвор аст, ки Кумитаи умури хориҷаи баррасии ин лоиҳаро дар моҳи июн оғоз кунад. Ҳарис ҳамчунин гуруснагии кӯдакону истифода аз ғизо ба унвони силоҳи ҷангиро дар миёни муҳосираи Ғазза тавассути Исроил маҳкӯм кардааст. Ба гуфтаи вай, ин муҳосира монеъ аз вуруди ҳазорон мошини имдодрасонӣ, аз ҷумла комиюнҳои Ирландия барои беш аз 6 ҳазор фаластинӣ ба муддати беш аз 80 рӯз шудааст.
Пешрафтҳои чашмгири Эрон дар тавсеаи сомонаҳои падофанди ҳавоӣ
Амир сартип Алиризо Сабоҳифард, фармондеҳи Қароргоҳи муштараки падофанди ҳавоии Хотамууланбиё (с) рӯзи гузашта дар ҷамъи фармондеҳону масъӯлони ин неру, бо ишора ба қудрати неруҳои мусаллаҳи Эрон изҳор кард: Иқтидори низомӣ ва қудрати боздорандагии муаллифаи ҳаётии неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ки барои афзоиши он, аз тамоми зарфиятҳо ва бистарҳо истифода хоҳад шуд. Сабоҳифард бо таъкид бар лузӯми пешрафт дар ҳавзаи тавсеаи сомонаҳои падофандӣ, баён кард: Ҳамонтавре, ки ахиран аз сӯи раёсати Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳ унвон шуд, дар ҳавзаи тарроҳӣ ва тавсеаи сомонаи силоҳҳои бумӣ, пешрафтҳои чашмгире доштаем. Ҳамчунин дар ҳавзаи афзоиши коромадии таҷҳизот, талошҳои бисёре ба сӯрати шабонарӯзӣ дар ҳоли анҷом аст то ин муҳим муҳаққақ шавад.
Ҳамла ба чандини масҷид дар иёлати Техаси Амрико
Расонаҳои Амрико шомгоҳи шанбе эълом карданд, ки се масҷид воқеъ дар Остини маркази иёлати Техас, мавриди ҳамла ва харобкорӣ воқеъ шудааст ва ниҳодҳои исломӣ низ хостори афзоиши тамҳидоти амниятӣ аз суи полис дар атрофи ин масҷид шуданд. Шуъбаи Остини шӯрои равобити амрикоӣ - исломӣ (CAIR - Austin) аз идораи полиси Остин дархост кардааст то гаштҳои амниятӣ дар атрофи масҷиди Ноисес, Анҷумани исломии аҳли байт (IABA) ва соири масоҷиди Остинро афзоиш диҳад. Ин дархост пас аз он сурат мегирад, ки маркази диёнати Остин, масҷиди Ноисес ва масоҷиди Анҷумани исломии аҳли байт ҳадафи харобкорӣ қарор гирифтанд.
Нахуствазири Лубнон: Ба тазминҳои режими Исроил эътимод надорем
Навоф Салом, нахуствазири Лубнон рӯзи гузашта бо таъкид бар инки давлати ин кишвар ба таври доим дар талош барои озодии асирону озодсозии сарзаминҳои ишғолии худ аст, гуфт, ки давлати Лубнон ба замонатҳои режими Исроил эътимод надорад.
Русия 3 шаҳраки дигар дар хоки Украинаро тасарруф кард
Вазорати дифои Русия рӯзи якшанбе эълом кард, неруҳои русӣ ду шаҳрак дар минтақаи Донетск ва ҳамчунин як шаҳрак дар минтақаи Сумской дар шимоли Украинаро тасарруф кардаанд. Дар баёнияи вазорати дифои Русия омадааст, ки неруҳои ин кишвар рустои Село Стопочкиро дар минтақаи Донетск, дар шарқи Константиновки, шаҳре, ки ахиран таҳти фишори Русия қарор дошта, тасарруф кардаанд. Ҳамчунин дар ин баёния омада, ки кантроли Одрадне, рустое дар ғарби ҷабҳаи якҳазор километрӣ ва Локня, рустое дар дохили марзи Русия дар минтақаи Сумской, ба дасти неруҳои Русия афтодааст.
Қонунгузори австралияӣ: Австралия бояд мавзеи сахтарӣ дар муқобили Исроил бигирад
Ed Husic, намояндаи Ҳизби коргари Австралия ва вазири собиқи саноат ва улуми ин кишвар рӯзи шанбе аз мавзеи давлати Австралия дар қиболи муҳосираи Ғазза тавассути Исроил интиқод кард ва гуфт: Австралия бояд мавзеи сахтаре дар муқобили режими саҳюнистӣ бигирад. Вай дар мусоҳиба бо «Гардиан» афзуд: Дар ҳоли ҳозир, Австралия метавонад ва бояд иқдомоти бештаре анҷом диҳад. Барои шурӯ, мо бояд сафири Исроил дар Австралияро эҳзор кунем то дархости сареҳи худро баён кунем, инки давлати Исроил бояд интиқоли озодтару сареъи кумакҳои башардӯстонаро фароҳам кунад, сатҳи ибтидоӣ ки ҳамакнӯн иҷозаи вуруд ба Ғаззаро дорад қобили қабул нест.
Your Comment