Ба гузориши хабаргузории Абна, Вашингтон Пост дар гузорише ба нақл аз манобеи худ иддао кард: Бинёмин Нетаняҳу (Сарвазири режими саҳюнистӣ) идеяи азсаргирии кумакҳо ба Ғаззаро дар кобина ҳамчун як мавзӯи расмӣ матраҳ кард.
Вашингтон Пост даъво кард: "Фишори Трамп ҳамзамон бо шиддат ёфтани бамборонҳои Ғазза ва наздик шудан ба нуқтаи бебозгашт дар ҷанг аз сӯи Исроил афзоиш ёфт. Чеҳраҳои наздик ба Трамп ба Исроил гуфтанд, ки агар ҷангро қатъ накунӣ, мо туро раҳо хоҳем кард."
Ин расонаи амрикоӣ таъкид кард: "Нетаняҳу аз ин тавоноӣ бархурдор аст, ки қатъи ҷанги Ғаззаро дар Кнессет (порлумони ишғолгарони Қудс) пеш барад; аммо ба назар мерасад, ки ҳеҷ иродаи сиёсӣ барои қатъи ҷанг дар кобинаи вай дида намешавад."
342/
Your Comment