12 Май 2025 - 22:32
Source: Parstoday
Миршаймер: Трамп агар ба дунболи ҷанг бо Эрон бошад як аҳмақ аст!

Ба гуфтаи Ҷон Миршаймер, мутафаккири барҷастаи равобити байналмилалӣ, раиси ҷумҳури Амрико, агар дар пайи муноқиша бо Эрон бошад, аблаҳ хоҳад буд.

Ҷон Миршаймер, мутафаккири барҷастаи равобити байнулмилалӣ, устоди Донишгоҳи Чикаго ва яке аз коршиносони аршади воқеият дар равобити байналмилалӣ дар як мусоҳиба ба таҳдидҳои Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико алайҳи Эрон ишора кард ва ӯро "аҳмақ" хонд. Ба гузориши Порс тудей бо истинод ба "ISNA" гузориш дод, Миршаймер дар посух ба ин суол дар бораи изҳороти Трамп ва хоҳони бомбаборони Эрон дар сурати ҳосил нашудани тавофуқ бо Теҳрон, гуфт: "Трамп ҳамарӯза изҳороти нав ва зидду нақиз мекунад. Тағйир додани ҳарфҳои ӯ талошу кушишеро талаб намекунад ва Трамп низ суханашро ба осонӣ иваз мекунад. "Набояд бар ҳарфҳои ӯ баҳои зиёд гузошта шавад."

Ин мутафаккири амрикоӣ идома дод: "Ман бовар дорам, ки Трамп аз дидгоҳи Исроил ва Амрико, танҳо ду роҳ ҳаст: Бомбборон кардани Эрон ё расидан ба созиш бо ин кишвар, аммо Трамп дар пайи бомбаборон кардани Эрон нест. Агар чунин тасмим бигирад, ӯ аблаҳӣ мекунад. Ҳар иқдом алайҳи Эрон паёмадҳои зиёде барои иқтисоди ҷаҳонӣ, минтақаи Ховари Миёна ва вазъи амниятии ҷаҳонро хоҳад дошт. Дар натиҷа у бояд ба дунболи тавофуқ бо Эрон бошад.

Миршаймер идома дод: "Трамп шояд талош кунад то тавофуқи монанди Барҷом аммо бо маҳдудиятҳои бештареро имзо кунад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha