19 Апрел 2025 - 20:52
Source: Parstoday
Таҳаввулоти Яман | ҳадаф қарор гирифтани киштии “Винсон” барои аввалин бор; Шикори 20 паҳподи амрикоӣ тавассути яманиҳо

Нируҳои мусаллаҳи Яман барои нахустин бор аз замони вуруди нов(кишти)и амрикоии «Винсон» ба баҳри Араб, ин новро ҳадаф қарор доданд.

Ба гузориши Порстудей, Яҳё Сареъ-сухангӯи нируҳои мусаллаҳи Яман рӯзи ҷумъа дар ҷамъи анбӯҳи роҳпаймоикунандагони яманӣ дар Санъо эълом кард: Қисми мушакии Яман тайи амалиёте як ҳадафи низомӣ дар атрофи фурудгоҳи Бин Гӯрион дар минтақаи Ёфои ишғолиро бо мушаки баллистики Зулфиқор ҳадаф қарор дод.

 Мардуми Яман рӯзи гузашта бори дигар бо баргузории роҳпаймоӣ, ҳамбастагии худро бо мардуми Ғазза эълом карданд. Ин роҳпаймоӣ пас аз он сурат мегирад, ки мақомоти аршади Яман эълом карданд, ки ҳамалоти мутаҷовизонаи Амрико ба кишварашон ҳаргиз мӯҷиб нахоҳад шуд, ки миллати Яман аз ҳимоят аз Фаластин дастбардор шаванд.

 Сареъ дар идомаи суханонаш дар ҷамъи тазоҳуркунандагони Яман ҳамчунин аз сарнагунии паҳподи амрикоӣ аз навъи «MQ9» дар ҷараёни иқдомоти таҷовузкорона бар фарози устони Санъо хабар дод.

Бо ин паҳпод Ансоруллоҳи Яман аз октябри соли 2023 то кунун муваффақ шудааст 20 адад паҳподҳои гаронқимати амрикоиро сарнагун кунад.

 Хабар дигар инки Амрико дар идомаи ҳамалоти ҳавоии худ алайҳи Яман бомдоди шанбе минтақае  дар устони Санъоро ҳадаф қарордод. Ҳамчунин ҳавопаймоҳои ҷангии Амрико, ҳафт ҳамла ба устонҳои Саъда ва Алҷуф анҷом доданд.

 Пештар низ ҳавопаймоҳои ҷангии Амрико ҷумъашаб минтақаи бани Ҳашяш дар устони Санъоро бо 6 бомб ҳадаф қарор дода буданд. Шумори шаҳидони бомбаборони рӯзи ҷумъаи ҷангандаҳои амрикоӣ ба ғарби Яман, ба 58 нафар афзоиш ёфт. Захмиҳои ҳамлаи Амрико дар устони Алҳудайда низ афзоиш ёфт ва ба 126 нафар расид.

Дар ҳамин робита, дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман шомгоҳи ҷумъа бо судури баёнияи шадидуллаҳн, ҳамлаи ахири Амрико ба бандар нафтӣ дар Алҳудайдаро маҳкум карда ва онро «ҷинояти ҷанги» донист, ки баёнгари мизони шикаст ва нотавонии Вашингтон дар таҷовуз ба Яман аст. Амрико дар ҳимоят аз режими саҳюнистӣ ва дар талош барои шикастани муҳосираи ин режим тавассути Яман, ҳамалотеро ба ғайринизомиёни Яман анҷом медиҳад, ки то кунун даҳҳо шаҳид ва захмӣ барҷой гузоштааст.

 Бо вуҷуди ин ҳамалот нируҳои мусаллаҳ Яман ҳамчунон ба амалиёти пуштибонӣ аз муқовимат ва миллати Фаластин дар борикаи Ғазза идома медиҳанд ва бо анҷоми амалиётҳои беназир , қалби сарзаминҳои ишғолӣ, киштиҳои муртабит бо режими саҳюнистӣ ва ҳатто новҳои амрикоиро дар баҳри Сурх ва уқёнуси Ҳинд ҳадаф қарор дода ва чандин паҳподи пешрафтаи амрикоиро сарнагун кардаанд.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha