19 Апрел 2025 - 20:51
Source: Parstoday
Ҳалокати низомиёни Исроил дар ҷануби Хон Юнус; Эҳзори пизишкони исроилии мӯътариз ба ҷанги Ғазза

Гурдонҳои Изуддин Қассом-шохаи низомии Ҳамос аз куштаву захмӣ шудани ҷамъе аз нируҳои Исроил дар ҷануби Хон Юнус дар ҷануби борикаи Ғазза тавассути размандагони ин гурдонҳо хабар дод.

Ба гузориши Порстудей, ин ниҳод дар баёнияе эълом кард: Размандагони ин гурдонҳо чаҳоршанбеи гузашта се булдозери зиреҳии артиши режими саҳюнистӣ аз навъи d9-ро дар минтақаи «Қизон Алнаҷор» дар ҷануби шаҳри Хон Юнус, бо се бомбаи бисёр қавӣ ҳадаф қарор дода ва нобуд карданд.

 Ба гузориши  ИРНА, бар асоси ин баёния, дар амалиёти ҷудогона дар ҳамон минтақа, размандагони гурдонҳои Қассом муваффақ шуданд як қисми низомии душманро ба сӯи даҳонаи як туннел  бикашонанд ва ба маҳзи вуруди чанд тан аз низомиёни артиши режими саҳюнистӣ ба дохили туннел бо инфиҷори маҷмӯае аз бомбаҳои коргузоришуда теъдоде аз онҳо кушта ва шумори дигар захмӣ шуданд.

 Ҳамчунин панҷшанбеи гузашта, се булдозери дигари артиши режими саҳюнистӣ дар минтақаи Қизон Алнаҷор бо силоҳҳои зиддизреҳ аз ҷумла мушаки «Ёсин 105», як бомбаи «Шавоз» ва як бомбаи бушкаӣ ҳадаф қарор гирифтанд.

 Хабари дигар инки расонаҳои режими саҳюнистӣ гузориш доданд, ки артиши ин режим шуморе аз пизишкони низомии захираро, ки тӯморе дар мухолифат бо идомаи ҷанг имзо кардаанд, ба ҷаласотитанбеҳӣ бо фармондеҳони низомӣ эҳзор кардааст.

 Рӯзномаи саҳюнистии «Гааретс”-чопи сарзаминҳои ишғолӣ дар ин бора ба нақл аз як пизишки захира дар артиши Исроил эълом кард, ки фармондеҳони низомии ин режим дар ин ҷаласот аз имзокунандагон хостаанд имзои худро пас бигиранд ва иқдоми ононро «ғайриқонунӣ» тавсиф кардаанд.

 Яке аз пизишкони захираи нируи ҳавоӣ низ дар гуфтугӯ бо Гааретс тасреҳ кардааст: Аз ихроҷ шудан воҳимае надорам. Ончи дар ҳоли вуқӯъ аст, талоше аз сӯи бархе сиёсатмадорон барои водоштани артиш ба гирифтани мавзеъи сиёсӣ алайҳи мост.

 Ин дар ҳоле аст, ки рӯзномаи саҳюнистии «Исроил ҳиум» се‍шнбаи гузашта навишта буд, ки 3 ҳазор нафар аз кормандони бахши омӯзиши режими саҳюнистӣ бо имзои тӯморе хостори бозгардондани асирони саҳюнист аз борикаи Ғазза ва таваққуфи ҷанг алайҳи ин минтақа шуданд.

Ҳамзамон 200 нафар аз хонаводаҳои усаро ва усарои озодшудаи режими саҳюнистӣ бо интишори паёме аз он даста аз низомиён ва халабонони ин режим, ки хостори таваққуфи ҷанг шудаанд, ҳимоят карданд.

 Пеш аз ин низ ду тӯмори эътирозӣ алайҳи сиёсатҳои Натанёҳу-нахуствазири режими саҳюнистӣ мунташир шуд, ки то кунун беш аз 200 нафар онро имзо кардаанд.

 Яке аз тӯморҳоро фориғуттаҳсилони бахшҳои сайберии таҳоҷумӣ ва дигареро пешкисватони воҳиди амалиёти вежа дар Созмони иттилооти низомии артиши режими саҳюнисти  танзим ва имзо карданд.

 Аз сӯи дигар радиои артиши режими саҳюнистӣ гузориш дод 450 нафар аз афсарони кунунӣ ва собиқи нируи дарёии ин режим, бо имзои тӯморе, хостори таваққуфи фаврии ҷанг ва талош барои бозгардонидани асирони саҳюнист аз борикаи Ғазза шудаанд.

 Ин иқдом дар шароите сурат гирифта, ки норизоятиҳои физояндае дар миёни маҳофили низомӣ ва амниятии режими саҳюнистӣ нисбат ба тӯлонӣ шудани ҷанг ва нокомӣ дар таҳаққуқи аҳдофи он, ба вежа бозгардондан асирони саҳюнист аз борикаи Ғазза, ба чашм мехӯрад.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha