19 Апрел 2025 - 20:50
Source: Parstoday
Ироқчӣ: Робитаҳои Эрон ва Русия мустаҳкам ва роҳбурдӣ аст

Порстудей- Сайид Аббос Ироқчӣ-вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидор бо ҳамтои русии худ, робитаҳои Эрон ва Русияро бисёр мустаҳкам ва Маскавро шарики аслӣ ва роҳбурдии Эрон донист.

 Ба гузориши Порстудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Сайид Аббос Ироқчӣ-вазири умури хориҷаи Эрон дирӯз ҷумъа дар дидор бо Сергей Лавров-вазири умури хориҷаи Русия дар Маскав, зимни ташаккур аз меҳмоннавозии ҳамтои русии худ гуфт: Дирӯз дидори бисёр хуб ва тӯлони бо Владимир Путин доштам ва паёми катбии Раҳбари Инқилоби исломиро хидмати эшон таслим кардам, ин ҳам як паём буд ба Путин ва ҳам як паём буд ба ҳамаи дунё, ки Эрон Русияро шарики аслӣ ва роҳбурдии худаш медонад ва дар масоили муҳим машварат мекунад.

  Сайид Аббос Ироқчӣ афзуд: Робитаҳои Эрон ва Русия шояд ҳеҷ гоҳ дар таърихи худаш ба ин андоза наздик ва мустаҳкам набудааст, мо ахиран як муоҳидаи ҷомеъи роҳбурдӣ имзо кардем, ки паҳлуҳои гуногуни робитаҳои Эрон ва Русияро ба сатҳҳои бисёр болотар густариш медиҳад.

 Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин дар конфронси матбуотии муштарак бо ҳамтои руси худ музокирот бо раисҷумҳур ва вазири умури хориҷаи Русияро созанда тавсиф ва таъкид кард: Таҳаввулоти пеширу таъсире дар равобити Теҳрон ва Москва нахоҳад дошт.

 Вай таъкид кард,ки ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Русия бидуни таваҷҷуҳ ба таҳримҳо дар ҳоли шукуфоӣ аст.

  Ироқчӣ ҳамчунин дар бораи музокироти ғайримустақими Эрон ва Амрико гуфт: Бо инки тардидҳои ҷиддӣ нисбат ба ангезаҳои тарафи амрикоӣ дорем, аммо агар дархостҳои ғайриамалӣ матраҳ накунанд, имкони тавофуқ вуҷуд дорад.

  Лавров низ дар ин нишасти хабарӣ таъкид кард, Русия аз музокироти ғайримустақими Эрон ва Амрико ҳимоят мекунад ва манофеъи машрӯъи Эрон дар мавриди барнома ҳастаӣ бояд дар назар гирифта шавад.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha