Алиризо Зоконӣ-шаҳрдори Теҳрон рӯзи ҷумъа гуфт: Бар асоси тавофуқоти анҷомшуда дар иҷлоси минтақаии Созмони ҷаҳонии гардишгарии Милали Муттаҳид дар Ҷакарта, Теҳрон барои мизбонии нахустин иҷлоси Маҷмаъи ҷаҳонии гардишгарии шаҳрӣ интихоб шуд. Ба гузориши Порстудей, вай изҳор кард: Аввалин иҷлоси Маҷмаъи ҷаҳонии гардишгарии шаҳрӣ, дар рӯзҳои 24 ва 25 июни 2025 ба мизбонии шаҳрдори Теҳрон дар минтақаи фарҳангӣ ва гардишгарии Аббособод баргузор хоҳад шуд.
Шаҳрдори Теҳрон бо таъкид бар аҳамияти ин рӯйдоди байналмилалӣ афзуд: Ин иҷлос фурсати ғанимат барои муаррифии зарфиятҳои гардишгарии пойтахт, тақвияти таомулоти байналмилалӣ, ҷазби сармоягузории хориҷӣ ва тавсеаи зерсохтҳои гардишгарии шаҳрӣ хоҳад буд.
Ахиран низ шаҳри Исфаҳони Эрон бо раъйи мусбати беш аз 30 кишвари узви Созмони ҷаҳонии гардишгарӣ (un tourism), ба мизбонии сиюҳаштумин нишасти Комиссияи минтақаии шарқи Осиё ва Уқёнусияи ин созмон дар соли 2025 интихоб шуд.
342/
Your Comment