Блумберг ахиран дар гузорише навишт: Бо вуҷуди таҳримҳои фалаҷкунандаи Ғарб, Эрон бо такя бар иродаи оҳанин, на танҳо дар баробари фишорҳо муқовимат карда, балки ба яке аз қудратҳои фазоии минтақа табдил шуда ва нигаронии душманонро барангехтааст. Ба гузориши Порстудей, Блумберг эълом кард: Дастовардҳои фазоии Эрон шомили партоби моҳвораҳо ва тавсеаи мушакҳои ҳомил тавассути Созмони фазоии Эрон ва бахши фазоии Сипоҳи посдорон аст.
Ин пешрафтҳо нишондиҳандаи азми Теҳрон барои тақвияти тавонмандиҳои илмӣ ва дифоъӣ дар баробари фишорҳои хориҷӣ аст. Тавоноии Эрон дар пешбурди ин барнома бо вуҷуди маҳдудиятҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ, таваҷҷуҳи ҷаҳониро ҷалб кардааст.
Чобаҳор: қалби тапандаи фазоии Эрон
Бандари Чобаҳор дар ҷанубу шарқи Эрон, бо савоҳили сахрае ва кӯҳҳои «миррихӣ», ба маркази калидии баландпарвозиҳои фазоии Эрон табдил шудааст. Мавқеияти наздик ба хатти Экватор, имкони партоби мушакҳои қудратмандтарро фароҳам мекунад.
Таҳримҳо ва иродаи шикастнопазир
Амрико ба вежа дар давраи аввали Доналд Трамп, бо таҳрими Созмони фазоии Эрон ва бахши фазоии Сипоҳ талош кард ин барномаро мутаваққиф кунад, аммо Эрон бо буҷаи 11 миллиондолларӣ дар ноябри гузашта, пешрафтҳои зиёде доштааст.
Нокомии Ғарб дар баробари Эрон
Ғарб барои мутаваққиф кардани пешрафтҳои Эрон, аз силоҳи таҳрим ва таҳдид истифода мекунад. Дар сентябри 2024, Бритониё Алии Ҷаъфарободӣ, раиси бахши фазоии нируи ҳавофазои Сипоҳро таҳрим кард. Дар октябри ҳамон сол, Иттиҳодия Аврупо низ Ҷаъфарободӣ ва Созмони фазоии Эронро ба далели тавсеаи фановарии мушакҳои баллистик таҳрим кард. Ин таҳримҳо нишондиҳандаи нигаронии Ғарб аз нокомӣ дар зарба задан ба Эрон аст.
342/
Your Comment