10 Апрел 2025 - 20:02
Source: Parstoday
Поёни ҳимояти Амрико; Аврупо ба дунболи артиши мустақил ва саноати дифои якпорча

Донишгоҳи амрикоии Ҷорҷтаун эълом кард, бо онки Аврупо ба сармоягузории азими дифоӣ ниёз дорад, аммо канор кашидани Доналд Трамп аз ҳимояти низомӣ ва амниятӣ, фурсате барои Аврупо аст то бо анҷоми ислоҳоти густардаи бахши дифоии муқовим ва мустақил барои худ эҷод кунад.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНА, дар пажӯҳиши ин донишгоҳи амрикоӣ ба мавзӯи тақвияти ҳавзаи дифоии Аврупо дар даврони канор кашидани Амрико, пардохта шуда ва омадааст, ки Иттиҳодияи Аврупо бо як фурсати ҳаётӣ рӯбарӯ аст то роҳбурди дифоии худро дар посух ба пӯёиҳои мутағайири ҷаҳонӣ ва рӯйкарди давлати ҷадиди Трамп бозофаринӣ кунад.

Марио Драги, нахуствазири пешини Италия ва раиси пешини Бонки марказии Аврупо авосити 2024 гузоришеро дар заминаи ояндаи рақобатпазирии Аврупо ва чолишҳои сохтории пеши рӯи иқтисоди Аврупоро ироа кард.

Ин гузориш ислоҳоти асосӣ дар бахшҳои мухталифро пешниҳод дод ва бавижа бар бахши дифо таъкид дорад, зеро онро меҳвару қалби ояндаи рақобатпазирии Аврупо медонад. Бахши мавриди таваҷҷуҳ дар ин гузориш, набуди инсиҷом дар ҳавзаи дифои низомӣ аст. Ин парокандагӣ боис шуда, ки Аврупо бахши қобили таваҷҷӯҳе аз таҷҳизоти дифоии худро аз хориҷ таъмин кунад.

Дар ҳоли ҳозир, 78 дарсад аз харидҳои кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо аз таъминкунандагони хориҷӣ анҷом мешавад ва ширкатҳои дифоии амрикоӣ 63 дарсад аз ин маболиғро дарёфт мекунанд.

Гузориши Марио Драги густариши зарфиятҳои дифои Аврупоро ниёзманди сармоягузории қобили таваҷҷуҳ донист ва тағйири асосӣ дар модели молии давлатҳои Иттиҳодияи Аврупоро хостор шудааст. Ҳамчунин фориғ аз натиҷаи ҷанги Украина ё тааҳҳудоти амниятии ояндаи Амрико, кишварҳои аврупоӣ бояд барои муқобила бо таҳдидоти оянда омода шаванд.

Нахуствазири пешини Италия эътиқод дорад, барои муқобила бо таҳдидоти амниятии Аврупо ба 500 миллиард евро сармоягузории изофӣ ниёз аст.

Барои рафъи камбудҳо, Марио Драги якпорчагии бештари Иттиҳодияи Аврупо ва тааҳҳуди сиёсии қавитари кишварҳои ин қорраро хостор аст ва пешниҳод медиҳад, ки ниҳоде ба номи “ Созмони саноати дифои Аврупо” эҷод шавад то фароянди таъмини таҷҳизоти дифоиро мутамарказ кунад. Тавсияи нахуствазири пешини Италия ин аст, ки кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо бояд аз ҳадафи таъйин шудаи НАТО мабнӣ бар ҳазинакарди 2 дарсад аз тавлиди нохолиси дохилӣ барои дифо фаротар раванд.

Тибқи ин гузориш, ҳаракат ба сӯи як бахши дифоии мустақилтар дар Аврупо, таъсири фаврӣ бар ҳузури низомии Амрико дар Аврупо нахоҳад дошт, аммо ин тағйири зарурӣ ва баландмуддат ба шумор меояд. Ба эътиқоди Марио Драги, Аврупо барои ҳифзи тобоварии баландмуддат, бояд авлавиятро ба тақвияти пойгоҳи санъатии дифоии худ бидиҳад, на харидҳои омода аз хориҷ, ки бештари онҳо аз Амрико анҷом мешавад.

Дар бахши поёнии ин гузориш дар бораи масири якпорчагии дифои Аврупо омадааст, ки стротегияи саноати дифои Аврупо дар соли 2024 ва иҷрои он аз тариқи Барномаи санъати дифои Аврупо (EDIP) нақши калидӣ дар шакл додан ба ояндаи бахши дифоии ин қора хоҳад дошт.

Таҳаққуқи ин чашмандоз ниёзманди ду тағйири асосӣ аст: Нахуст, дарки ин воқеият, ки Амрико дигар сатҳи пешин аз ҳимояти низомиро ироа нахоҳад дод ва дувум, ғалаба бар тамоюли таърихии Аврупо ба ҳамкорӣ накардан дар саноати дифоӣ. Ин тағйирот барои эҷоди як артиши мустақил ё бахши дифоии муқовимтар, рақобатитар ва мустақилтар дар Аврупо зарурӣ аст.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha