24 Март 2025 - 21:53
Source: Parstoday
« Мо дар ҳоли ақабгарди ҳастем » ; Таҳлилгарони туркияӣ дар бораи буҳрони боздошти шаҳрдори Истанбул чӣ мегӯянд ?

Додгоҳи Туркия « Акрам Имомуғлу » , шаҳрдори Истанбулро ба зиндон маҳкӯм кард

«Акрам Имомуғлу  » , шаҳрдори Истанбул яке аз чеҳраҳои аслии мухолифу рақиби билқувва « Раҷаб Таййиб Эрдуғон »аст ки рӯзи чаҳоршанбе бо иттиҳомотӣ монанди ихтилосу кумак ба як гурӯҳи террористӣ боздошт шуд . Ба гузориши Порс тудей , Додгоҳи Туркия имрӯз якшанбе рай дод, ки « Акрам Имомуғлу  » , шаҳрдори Истанбул то замони муҳокима , бояд дар зиндон бимонад .

Ин Додгоҳ «Акрам Имомуғлу  »ро ба далели таҳқиқот дар мавриди фасод ба зиндон маҳкӯм кардааст .

Боздошт ва ба зиндон андохтани шаҳрдори Истанбул дар ҳоле аст ки таҳлилгарони Туркия , бар ин боваранд ки рафторҳои аст истибдодгароёнаи « Эрдуғон » ва Ҳизби адолату тавсеа « окпортӣ » , ин кишварро ба лабаи партгоҳ мебарад .

Заволи ваҷҳаи Туркия дар ҷаҳон

« Мустафо Короалӣ Уғлӯ » , таҳлилгари турк дар бораи дастгирии « Имомуғлу » навишт : Эътибору ваҷҳаи Туркия дар ҷаҳон рӯ ба заволаст , дар ҳамаи шохисҳо дар ҳоли уфӯл ва ақабгард ҳастем , сармоягузорони хориҷӣ ба кишвари мо намеоянд , аммо алон мавзӯи мо бузургтар аз ин ҳарфҳост , танҳо унсури боқимонда аз демокроси ки қаблан баақаб баргашта , ҳақи райи шаҳрвандон аст ки аҳамияти он низ камранг мешавад , ин бузургтарин хатарӣ аст, ки Туркияро таҳдид мекунад .

Лаккае сиёҳ дар корномаи  Ак Парти

« Алифи Чокар » аз таҳлилгарони муҳофизакори Туркия низ , дастгирии « Имомуғлу»ро ба унвони кудатои ғайринизомӣ васф кардааст . Вай муътақид аст, ки дастгирии шаҳрдори Истанбул , ба унвони нуқтаи сиёҳӣ дар таърихи демокрисӣ ва қонӯни Туркия дар ёд хоҳад монад .

Истиротежии Эрдуғон ; Масири буҳрон дар Туркия

« Алӣ  Бойром Уғлу » аз таҳлилгарони машҳури Туркия низ таъкид кард : Рафтори Ҳизби Эрдуғон , шабеҳи як бемории пеш равандааст . « Бойром Уғлӯ » афзӯд : Раванди истибдодӣ , сиёсӣ шудани мутлақи қувваи қазоия ва ҷустуҷўи ҷомеаи мутиъ , истиротижии Эрдуғон барои ҳифзи қудрат аст ва ин масирӣ аст ки Туркияро ба буҳрон мекашонад .

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha