12 Март 2025 - 19:19
Source: Parstoday
Чаро фармондеҳи Неруи дарёии артиши Эрон Трампро мутаваҳҳим хонд?

Фармондеҳи Неруи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон дар вокуниш ба изҳороти раисиҷумҳури Амрико дар мавриди размоиши мураккаби камарбанди амниятии дарёии се кишвари Эрон, Чин ва Русия гуфт, баъзеҳо дучори таваҳҳум ҳастанд.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, ҳамафзоии иқтидоргароёнаи неруҳои дарёии Эрону, Чин ва Русия таҳти унвони Размоиши мураккаби камарбанди амнияти дарёии 2025 боиси нигаронии душманони амнияти минтақа ҳамчун Амрико шуд. Ба гунае ки Доналд Трамп,  раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи душанбе ва дар масири бозгашт аз Флорида ба Вашингтон дар ҳавопаймои раёсати ҷумҳурӣ, дар посух ба суоли хабарнигоре дар бораи ин ки оё нигарони баргузории размоиши муштарак байни се кишвари Эрон, Русия ва Чин аст, муддаӣ шуд: «На. Аслан. Чаро ки мо аз ҳамаи онҳо қавитар ҳастем».

Дар ҳамин росто, амири дарёдор Шаҳроми Эронӣ, фармондеҳи Неруи дарёии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон суҳбатҳои Трампро мутаваҳҳимона хонду гуфт: Бозигарон дар саҳнаи дарё афзоиш пайдо кардааст. Ҳузури се кишвари Эрон, Чин ва Русия дар ин размоиши муштарак мояи барқарории амният аст, аммо онҳое ки бар хилофи ин суҳбат мекунанд ва дучори таваҳҳум ҳастанд, ҳузурашон ҳечгоҳ амнияту оромишро дар ҳеҷ нуқтае аз ҷаҳон ба ҳамроҳ надоштааст ва ҳамеша муҷиби бурузи ноамниҳои бисёр зиёде будаанду ҷомеаи башариятро мавриди таҳдид қарор додаанд.

Дарёдор Эронӣ гуфт: Имрӯз кишварҳои узви Шанхай ва БРИКС ин тавонмандиро доранд, ки битавонанд дар бахши иқтисоди дарё нақшофаринии мусбати худро ба беҳтарин шакли мумкин анҷом диҳанд.

Ҳафтумин размоиши мураккаби камарбанди амнияти дарёии 2025 бо ҳузури новгурӯҳҳои Неруи дарёии Эрон, Русия ва Чин ва нозироне аз ҷумҳурии Озарбойҷон, Африқои Ҷанубӣ, Уммон, Қазоқистон, Покистон, Қатар, Ироқ, Иморот ва Шриланко дар шимоли уқёнуси Ҳинд баргузор мешавад.

Ин размоиш бо ҳадафи иртиқои амнияту таомулоти дарёнавардии пойдор дар шимоли уқёнуси Ҳинд ва равобит байни Неруи дарёии роҳбурдии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон, неруи дарёии Чину Русия дар тарроҳӣ ва иҷрои амалиёти мураккаби дарёӣ анҷом мешавад.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha