27 Феврал 2025 - 20:12
Сиёсатмадори австрияӣ: Бояд бо ислом мубориза кунем / Шаҳрдори Ню-Йорк: Нафратпароканиро таҳаммул намекунем

Порс тудей - Шаҳрдори Ню-Йорк, ҳар гуна хушунату исломҳаросиро дар ин шаҳр маҳкӯм кард.

Йоханна Мишел Лейтнер, фармондори иёлати Австрияи Поин ва сиёсатмадоре аз ҳизби мардуми Австрия (OVP), ба тозагӣ дар гуфтугӯ бо ORF, шабакаи телевизиони давлатии Австрия иддао кард, ки ин кишвар бояд бо ислом мубориза кунад.

Ба гузориши Порс тудей, изҳороти вай дар ҳоле аст, ки раиси ҷомеаи динии Австрия (IGGO) хостори тавзеҳи фармондор дар бораи изҳороти зиддиисломии Лейтнер ва раиси Ҳизби чапгарои сотсиалистии Австрия (SOZ) низ хостори узрхоҳии фаврӣ шуд.

На ба нафратпароканӣ алайҳи адён

Эрик Адамс, шаҳрдори Ню-Йорк рӯзи сешанбе мавзеи муҳкамеро дар баробари исломҳаросӣ, иттихоз ва ин иқдомотро маҳкӯм кард. Вай дар баёнияе таъкид кард, ки нафратафканӣ дар ин шаҳрро таҳаммул нахоҳад кард. Шаҳрдори Ню-Йорк ҳамчунин ба мусулмонону соири ҷавомеи динӣ итминон дод, ки ҳақ доранд дар сулҳу оромиш ба аъмоли ибодии худ бипардозанду полиси Ню-Йорк барои тазмини амнияти онҳо талош хоҳад кард.

Афзоиши исломҳаросӣ дар Англия

Бар асос додаҳои гирдоварӣ шуда тавассути Созмони ҳуқуқи башарӣ, теъдоди ҳаводиси исломситезона дар Англия дар соли 2024 ба болотарин сатҳи худ расидааст. Тибқи гузориши ин созмон, дар соли гузашта панҷҳазору 837 мавриди исломҳаросӣ дар Англия таъйид шудааст, ки шомили ҳаводиси онлайну мавориди ҳадафгирии ҳузурии мусулмонон мешавад. Ин мизон дар муқоиса бо се ҳазору 767 маврид дар соли пеш аз он ва 2 ҳазору 201 маврид дар соли 2022 афзоиши чашмгиреро нишон медиҳад.

342/