Ширкаткунандагон дар шашумин Конгресси байналмилалии пробиотик ва ғизоҳои фаросудманд, ки 19 феврал дар Теҳрон баргузор шуд, бо ишора ба тавлиди 20 ҳазор тон маводи ғизоии пробиотик дар Эрон эълом карданд, ки Эрон дар заминаи таҳқиқоти пробиотик дар дунё, ҷойгоҳи шашумро дорад. Ба гузориши “Порс-Тудей”, пробиотикҳо маъмулан шомили бактерияҳо ва мухаммирҳои муфид ҳастанд, ки ба вижа барои саломати дастгоҳи гувориш муфид аст.
Дигар ахбор:
Тавлиди биринҷе ки хатари бемории қалбиро коҳиш медиҳад
Муҳаққиқони чинӣ бомуваффақият як навъи биринҷ тавлид кардаанд, ки умдатан кю-онзими Q10 ( CoQ10 ) тавлид мекунад. Кю-онзими Q10 ағлаб бо беҳбуди саломати қалб муртабит аст ва ба унвони як моддаи табиӣ дар бадани инсон аст, аммо сатҳи он маъмулан бо афзоиши син коҳиш меёбад.
Таҳсили 48 ҳазор донишҷӯи байналмилалӣ дар Эрон
Сайид Муҳаммадбоқири Ҷаъфарӣ, мудири кулли умури байналмилали Созмони умури донишҷӯёни Эрон рӯзи душанбе дар Донишгоҳи халиҷи Форси устони Бушеҳр (ҷануби Эрон) аз таҳсили 48 ҳазор донишҷӯи байналмилалӣ дар Эрон хабар доду гуфт: Эрон дар миёни 20 кишвари бартари тавлиди илм дар ҷаҳон қарор дорад.
Тӯри илмии донишҷӯёни Уммон дар Донишгоҳи халиҷи Форси Бушеҳр
Донишҷӯёну устодони донишгоҳҳои Уммон рӯзи сешанбе дар тӯри илмӣ, аз Донишгоҳи халиҷи Форс боздид карданд ва бо пешрафтҳои Эрон дар ҳавзаи нафту газ низ ошно шуданд.
Тозаҳо:
Пизишкони эронӣ дониши фаннии ҷарроҳии диски камар ба равиши PLDD-ро касб карданд. Дар равиши камтаҳоҷумии PLDD (дикемпрейшни диск бо лейзер), ҷарроҳии диски камар бидуни беҳушӣ ва дар муддати ним соат анҷом мешавад.
Як ширкати эронӣ ба фанноварии тарроҳӣ ва сохти широлот (лӯлаҳо)-и RSBV даст ёфт. Ин широлот, ки дар саноеи полоишгоҳи газӣ ва дар бурҷҳои хушккун истифода мешавад, дар ихтиёри 5 ё 6 ширкат дар дунё аст.
