4 Январ 2025 - 16:02
Ироқчӣ: Дар бораи Сурия бар асоси тағйироти зоҳирӣ, ҳарфҳо ва шиорҳо тасмим намегирем

Порс тудей-Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни инки Эрон дар бораи Сурия бар асоси тағйироти зоҳирӣ, ҳарфҳо ва шиорҳо тасмим намегирад, гуфт: Мо мунтазир ҳастем, ки давлати интиқолӣ сиёсатҳои худро дар хусуси минтақа ва дигар кишварҳо эълом кунад ва истиқрори кофӣ пайдо кунад, сипас бар асоси рафторҳо тасмим мегирем.

Сайидаббоси Ироқчӣ, вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мусоҳиба бо шабакаи ССTV-и Чин афзуд: Инки Эрон чӣ гуна бо Сурия таомул хоҳад кард, бастагӣ ба рафтори тарафи муқобил дар Димишқ дорад; Эрон ҳусни нияти комил дошта ва хоҳони оромиш дар Сурия аст. Ба гузориши Порс тудей, Ироқчӣ бо таъкид бар инки ҳама кишварҳои минтақа бояд ҳамкорӣ ва кумак кунанд, ки як давлати фарогир муташаккил аз ҳама ақвом ва гурӯҳҳо дар Сурия эҷод шавад, тасреҳ кард тамомияти сарзаминӣ ва ваҳдати сарзаминии Сурия бояд ҳифз шавад.

 Ба гуфтаи вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, Сурия набояд ба маҳал ва паноҳгоҳе барои террористҳо ва таҳдиде барои ҳамсоягон ва минтақа табдил шавад ва инҳо ҳама усуле аст, ки дар минтақа ҳамагӣ бар он иттифоқи назар доранд. Вазири хориҷаи Эрон дар поён гуфт: Тасмими ниҳоиро мардуми Сурия мегиранд, чароки ҳокимони аслии ин кишвар ҳастанд.

 Мухолифони мусаллаҳ дар Сурия 27 ноябри 2024 бо ҳадафи барканории Башор Асад аз қудрат, амалиёти худро аз манотиқи шимолии Сурия оғоз ва саранҷом пас аз ёздаҳ рӯз, дар ҳаштуми декабр контроли Димишқ, пойтахти Сурия ва хурӯҷи Башор Асад аз кишварро эълом карданд. Пас аз он Муҳаммад ал-Башир ба унвони раиси давраи интиқолии Сурия таъйин шуд ва расман раёсати давлати интиқоли ин кишвар то моҳи марти ояндаро бар уҳда гирифт.

342/