12 Декабр 2024 - 20:17
Еравонӣ: Ҳаргуна таҳдид ба иҷрои механизми моша бо вокуниши қотеъи Теҳрон мувоҷеҳ хоҳад шуд

Сафиру намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони милал дар номае ба Шӯрои амнияту дабири кулли Созмони милал дар бораи иттиҳомоти тройкаи аврупоӣ алайҳи Теҳрон эълом кард, ҳаргуна таҳдид ба иҷрои «механизми моша» на танҳо созанда нест, балки бо вокуниши қотеъи Эрон мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Амирсаъиди Еревонӣ, сафири Эрон дар Созмони милал дар номае ба раиси давраии Шӯрои амнияту дабири кулли Созмони милал бо радди иддаоҳои матраҳ шуда дар номаи тройкаи аврупоӣ (Англия, Олмону Фаронса) мабнӣ бар адами пайбандии Теҳрон ба тааҳҳудоти худ зайли БарҶом навишт: Чунин иддаое, талошҳои мудовими Эрон барои ҳифзи ин тавофуқ бовуҷуди таҳрикоту нақзҳои мудовими Иёлоти муттаҳида, тройка ва Иттиҳодияи Аврупоро нодида гирифта ва онро ба иддаоеи дилбихоҳӣ ва фоқиди эътибор табдил мекунад.

Ба гузориши Порс туде, Еревонӣ дар ин нома бо ишора ба хурӯҷи Амрико аз БарҶом ва эъмоли таҳримҳо алайҳи Эрон афзуд, ҳаргуна иддао дар мавриди иҷрои тааҳҳудоти Эрон таҳти БарҶом, ҳангоме, ки хориҷ аз чорчӯби хурӯҷи комили Иёлоти муттаҳида мавриди баҳс қарор гирад, асосан иштибоҳ аст.

Вай дар ин нома таъкид кард, Эрон ҳамчунон ба тааҳҳудоти худ таҳти Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ пойбанд аст, ки ҳаққи инкорнопазири ҳамаи аъзо барои тавсеа, таҳқиқ, тавлиду истифода аз энержии ҳастаӣ барои мақосиди сулҳомезро тазмин мекунад, аммо ҳаргуна таҳдид ба иҷрои «механизми моша» бо вокуниши қотеъи Эрон мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Еревонӣ бо таъкид бар инки Эрон мутааҳҳид ба таомул бо ҳусни нияту баррасии ҳамаи масирҳои дипломатӣ барои пардохтан ба чолишҳои муштарак аст, афзуд, тройка бояд ба ин воқеият изъон кунад, ки дипломасии маънодор мусталзими тақобули воқеӣ ва эҳтиром ба тааҳҳудот аст.

Лозим ба зикр аст, “механизми моша” ба созу корм ҳуқуқие гуфта мешавад, ки бар асоси он, имкони бозгашти таҳримҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид алайҳи Эронро фароҳам мекунад.

342/