Яке аз мақомоти тими музокиракунандаи режими саҳюнистӣ ин матолибро дар дидор бо хонаводаҳои асирони саҳюнист дар Ғазза баён кард.
Рӯзномаи саҳюнистии “Ҳааретс” бидуни ишора ба номи ин шахс навишт: Ин мақоми музокиракунанда (режим)-и Исроил ба хонаводаҳои асирони саҳюнист дар Ғазза гуфтааст, ки мавозеи ҲАМОС дар музокирот нарм нашуда ва мумкин аст сахттар шавад.
Мақоми музокиракунандаи режими саҳюнистӣ гуфтааст, ки артиши Исроил бояд аз меҳвари Филоделфия ақибнишинӣ кунад ва бидуни ин инъитоф, пешрафте дар музокирот бо ҲАМОС ҳосил намешавад.
Пештар мақомоти режими саҳюнистӣ пас аз шаҳодати Яҳё Синвор, раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) бар ин бовар буданд, ки бо шаҳодати Яҳё Синвор қудрати ҲАМОС аз байн рафтаасту Исроил барои бозгардондани асирони саҳюнист дар Ғазза дасти бартарро дорад.
342/