Муҳаммадалии Искандарӣ, сафири Эрон дар Узбекистон дар дидор бо Танзила Нарбаева, раиси маҷлиси Сенати ин кишвар охирин вазъият ва чашмандози ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар сутӯҳи дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалиро мавриди баҳсу баррасӣ қарор дод.
Искандарӣ гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон омодагии ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф хусусан интиқоли технологӣ, ҳамкориҳои пизишкӣ, таъмини фаровардаҳои нафтӣ ва ироаи хадамоти фаннии муҳандисӣ ба Узбекистонро дорад.
Танзила Нарбаева ҳам зимни истиқбол аз ҳамкорӣ бо Эрон дар заминаҳои ёд шуда, гуфт, раванди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Узбекистону Эрон рӯ ба рушд аст ва алоқаманд ҳастем бо истифода аз фурсатҳо ва зарфиятҳо, барои афзоиши ҳаҷми тиҷорат талош кунем.
Вай ҳамчунин аз омодагии маҷлиси Сенати кишвараш барои ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳавзаи занону мубориза бо қочоқи маводи мухаддир низ хабар дод.
Танзила Нарбаева дар идома бо таъкид бар пешрафтҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар заминаҳои мухталиф, гуфт: Барои густариши муносиботи ду кишвар ҳамкориҳои порлумонӣ дар сутӯҳи камиссионҳо, кумитаҳо ва гуруҳҳои дӯстӣ - порлумонӣ нақши муҳимме ифо мекунанду Узбекистон бар афзоиши ин муносибот таъкиди вижа дорад.
Нарбаева ҳамчунин таъкид кард, ки каридори Эрон барои дастрасии Узбекистон ба обҳои озод як зарурат аст. Искандарӣ низ дар ин хусӯс гуфт: Мо омодаи ироаи мусоидат ба кишвари дӯсти Узбекистон дар банодири ҷанубӣ ва шимолии Эрон ҳастем.
342/