23 Октябр 2023 - 16:17
Тазоҳуроти дубора алайҳи Натанёҳу дар Тел-Авив

Манобеи расонаӣ аз баргузории тазоҳурот алайҳи нахуствазири режими саҳюнистӣ дар Тел-Авив ва дархост барои озодии асирони ин режим дар Ғазза хабар доданд.

Дар пайи шикасти режими саҳюнистӣ дар муқобили муқовимати Фаластин, танаффури сокинони сарзаминҳои ишғолӣ нисбат ба Натанёҳу ва кабинаи ӯ бештар шудааст. Ба гузориши ИРНА, расонаҳои саҳюнистӣ эълом карданд, садҳо нафар аз сокинони сарзаминҳои ишғолӣ асри имрӯз - якшанбе бо барпоии тазоҳуроте дар Тел-Авив алайҳи Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими ишғолгар шиор сар доданд. Муътаризон ҳамчунин хостори талоши кабинаи Натанёҳу барои озодии фаврии асирони режими саҳюнистӣ дар Ғазза шуданд.

342/