Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Вазорати дифои ҷумҳурии Озарбойҷон эълом кард, гуруҳе аз низомиёни ин кишвар барои ширкат дар нахустин размоиши тактикии дуҷониба вориди Узбакистон шудаанд. Ин тамрини низомии муштарак, ки ба ҷузъиёти он ишорае нашудааст, дар маркази омӯзишии Чирчиқ дар вилояти Тошканд баргузор мешавад. Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Узбакистон дар июни 2022 тавофуқномаи ҳамкорӣ дар заминаи низомӣ имзо карданд.
342/