Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷобири Ансорӣ-сарконсули ҳукумати Толибони Афғонистон гуфт : Судӯри гузарномаи электронӣ ба сурати ҳамзамон дар намояндагиҳои Афғонистон дар Теҳрон, Машҳад ва Зоҳидон анҷом мешавад .
Ҷобири Ансорӣ афзуд баъд аз ангуштнигории муроҷеъин аснод ба Кобул ирсол мешавад ва гузарнома онҷо чоп мешавад ва сипас ҳамонанди собиқ дар дастраси ин намояндагӣ қарор мегирад .
Пас ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон аз 15 августи соли 2021 даҳҳо ҳазор шаҳрванд ба вижа ҷавонони афғонистонӣ ба кишварҳои ҳамсоя ба вижа Эрону Покистон муҳоҷират карданд.
342/