16 Январ 2023 - 18:21
Ноибраиси Комиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии маҷлис: Англия аз шикасти иттилоотӣ асабонист

Ноиб раиси Камиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон таъкид таъкид кард, Англия аз эъдоми ҷосӯси худ нороҳат нест ва барои расидан ба аҳдофи худ ҳамеша қурбонӣ медиҳад, аммо аз шикасти иттилоотӣ, асабонист.

Иброҳими Азизӣ, ноиб раиси Комиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии маҷлис, бо ишора ба вокунишҳои кишварҳои ғарбӣ ба эъдоми ҷосӯси англисӣ дар Эрон, гуфт, тибқи қавонини кишвар бар асоси манофеи миллӣ ва ба манзури сиёнат аз арзишҳои ислом ва инқилоби исломӣ амал мекунем, дар ҳоле, ки ғарбиҳо ба зоҳир ва дар пӯшиши бархе мавзуоти ҳуқуқи башарӣ ба ҳуқуқи ҳамаи башарият зулми фоҳиш мекунанд.

Ба гузориши хабаргузории Хонаи Миллат, Азизӣ афзуд, дар тамоми дунё бо аносури ҷосӯс бархӯрди қотеъ мешавад ва табиатан як амри пазируфта шудаи байналмилалӣ аст.

Вай ҳамчунин гуфт, Англия нигаронӣ барои Акбарӣ ва амсол ӯ надорад, чаро ки англисҳо маъмулан аносури худро барои расидан ба аҳдофи худ қурбонӣ мекунанд.

342/