6 Ноябр 2022 - 20:55
Донишгоҳи Аллома Таботабоӣ ва Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карданд

Донишгоҳи Аллома Таботабоии Теҳрон ва Маркази таҳқиқоти стратегии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳадафи тарвиҷу тавсеаи ҳамкории илмӣ, пажӯҳишӣ ва иҷроӣ барои истифода аз зарфиятҳову тавонмандиҳои ду тараф дар заминаҳои мавриди алоқа дар ҳавзаи улуми инсониву иҷтимоӣ, бар асоси усули баробарӣ ва манофеи муштарак, тафоҳумномаи ҳамкории илмӣ имзо карданд.

Ба гузориши гуруҳи илму омӯзиши ИРНА аз равобити умумии Донишгоҳи Аллома Таботабоӣ, бо тавваҷуҳ ба аҳамияти ҳамкориҳои омӯзишӣ, таҳқиқотӣ ва фанноварӣ миёни ду кишвари Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар чаҳорчӯби тафоҳумномаҳои ҳамкории илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангӣ миёни ду кишвар ва бо ҳадафи тарвиҷу тавсеаи ҳамкории илмӣ, пажӯҳишиву иҷроӣ барои истифода аз зарфиятҳову тавонмандиҳои ду тараф дар заминаҳои мавриди алоқа дар ҳавзаи улуми инсониву иҷтимоӣ бар асоси усули баробарӣ ва манофеи муштарак, тафоҳумномаи ҳамкории илмӣ байни Донишгоҳи Аллома Таботабоӣ ва Маркази таҳқиқоти стратегии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Абдуллоҳи Муътамидӣ, раиси Донишгоҳи Аллома Таботабоӣ дар маросими имзои ин тафоҳумнома бо ибрози хурсандӣ аз ин ҳамкорӣ гуфт: Ин донишгоҳ танҳо донишгоҳи улуми инсонии кишвар ва бузургтарин донишгоҳи улуми инсонӣ дар Ғарби Осиё аст. 11 донишкада (факултет) дорад, ки наздик ба 14 ҳазор донишҷӯ ва 550 узви ҳайати илмии собит дар ин донишкадаҳо машғул ба фаъолияти илмӣ ҳастанд. Беш аз 70 дарсади донишҷӯён дар мақтаи таҳсилоти такмилӣ ҳастанд. Ҳамчунин донишҷӯёну донишомӯхтагони улуми инсонӣ аз зарфияти марокизи рушду навоварӣ, корофариниву парки илму фанноварии ин донишгоҳ истифода мекунанд.

Дар идома Хайриддин Усмонзода, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баёни ин ки ин марказ фаъолиятҳои худро дар се бахши таҳқиқӣ, машваратӣ ва таҳлилӣ анҷом медиҳад, гуфт: Бештарин масоиле, ки мо бо он сарукор дорем, омӯзиши масоили ҷаҳони муосир аст. Мо беш аз ҳар мавриде ба омӯзиши масоили оянда тавваҷуҳ дорем.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 31 октябри 2022 низ Хайриддин Усмонзода, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии зери назари раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафар ба Эрон, бо Обид Акбарӣ, раиси Муассисаи фарҳангии мутолеот ва таҳқиқоти байналмиллалии Теҳрон, дар шаҳри Теҳрон - пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карда буданд.

342/