Ҳазрати имом Ризо(а) дар соли 148 ҳиҷри қамарӣ дар шаҳри Мадина дида ба ҷаҳон гушоданд ва дар охирин рӯзи аз моҳи сафари соли 203 ҳиҷри қамарӣ ба шаҳодат расиданд.
Даврони ҳаёт ва имомати ҳазрати имом Ризо(а) даврони авҷгирии гароиши мардум ба аҳлубайти исмат ва таҳорат(а) ва густариши пойгоҳҳои мардумии хонаводаи аҳлубайти Паёмбар(а) аст.
Бо авҷгирии тамоюлоти мардум ба имом Ризо(а) Маъмун халифаи Абосӣ бо дасисачини Ишонро масмум ва шаҳид карданд.
Мардуми Эрони исломӣ дар шабу рӯзи солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Ризо(а) бо ҳузур дар ҳусайнияҳо, масҷидҳо, ҳарами мутаҳҳари Ишон дар шаҳри Машҳад дар шимоли шарқи Эрон ва ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Маъсума(а) дар шаҳри муқаддаси Қум аъзодори мекунанд.
Сомона ва радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Ризо(а)-ро ба ҳамаи мусалмонон ва дигар озодахоҳони ҷаҳон таслият мегӯяд.
342/