Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Валерий Евдокимов- сафири нави Украина дар Тоҷикистон рӯнавишти устуворномаи худро ба Содиқи Имомӣ, муовини вазири умӯри хориҷа тақдим кард .
Дар ин маросим дар хусӯси масоили муҳими равобити Тоҷикистону Украина ва ҳамкориҳои ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои байналмиллалӣ табодули назар шуд .
Содиқи Имомӣ барои Евдокимов дар фаъолиятҳои худ барои тавсеаи бештари равобити байни Тоҷикистону Украини орзӯи муваффақият кард .