ABNA24 – Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар бахше аз ин суханронӣ, Амрико ва Ғарбро мусабаби бӯҳрони Украина донистанд. Ишон ба ишора ба ин,ки асосан режими иёлоти Муттаҳида як режими бӯҳронсоз ва бӯҳронзист аст ва аз бӯҳронҳои гуногун рӯзӣ мехурад, таъкид карданд,ки ин режими мофиёӣ эҳтиёҷ дорад,ки дар атрофи дунё дар ҷоҳои бӯҳрон вуҷуд дошда бошад ба ҳамин далел қонунҳои бӯҳрониро халқ мекунад.
-
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Украина қурбонии сиёсатҳои Амрико аст
Ҳазарати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба бӯҳрони Украина фармуданд,ки ба назар ман Украина ҳам қурбонии ин сиёсат аст ва қазоиёи Украина ҳам марбут ба сиёсати Амрико аст ва Амрико Украинаро ба ин нуқта кашонд. Вуруд ба масоили дохилии он кишвар ва роҳандозии иҷтимоъот алайҳи давлатҳо ва кудатои рангӣ дуруст кардан ва ҳузури сенаторҳои амрикоӣ дар дохили иҷтимоъоти рӯё руйи, ба чунин ҷоҳои мунтаҳи мешавад.
Раҳбари муаззамин инқилоб бо ишора ба ҷанги кунунии Украина фармуданд,ки мо албатта бо ҷанг ва тахриб дар ҳар ҷои дунё мухолифем. Ишон таъкид карданд, ки мо дар Украина тарафдори тавақуфи ҷанг ҳастем ва мехоҳем ҷанг дар онҷо тамом шавад, мунтаҳо чораи ҳар бӯҳроне сирфан дар сурате мумкин аст,ки рештаи бӯҳрон шинохта шавад. Решаи бӯҳрон дар Украина сиёсатҳои Амрико ва ғарбиҳо аст. Ишон ҳачунин таъкид карданд,ки мардум омили истиқлоли кишварҳо ҳастанд, агар мардум дар Украина вориди майдон мешуданд,вазъи давлат ва мардуми Украина ин тавр намешуд.
Ишон зикр карданд, Украинаи имрӯз ва Афғонистони дирӯзро ду шоҳиди зинда барои давлатҳои муттаки ба Амрико ва Аврупо хонданд, ва афзуданд: Ҳам раисҷумҳури Украина ва ҳам раисҷумҳури фирории Афғонистон гуфтаанд ,ки мо ба Амрико ва давлатҳои ғарбӣ эътимод кардем аммо онҳо моро танҳо гузоштанд.
Амрико ва шуракои аврупоии он дар ростои тазъифи Русия ва тағири режим дар кишварҳои ҳавзаи хориҷ аз ибтидои даҳҳаи 2000 мелодӣ эҷоди инқилобҳои рангӣ дар ин кишварҳоро сарлавҳаи сиёсат ва иқдомоти худ қарор дода ва аз ҷумла дар ибтидои соли 2005 бо инқилоби норинҷӣ дар Украина Виктор Юшенко ба унвони як раисҷумҳури ғарбгаро рӯйи кор оварданд. Дар марҳалаи баъд дар соли 2014 Ғарб ба саркардагии Амрико нақши мустақим дар ҳимоят аз нооромӣ дар Киев пойтахти Укракина ва пуштибонии ҳама ҷониба аз муътааризон ва саранҷом барканории Виктор Юшенко раисҷумҳури Украина ки хоҳони тавсияи равобит бо Русия буд ифо кард. Дар солҳои баъд низ давлати ғарбгароӣ Украина ба шиддат масалаи ҳамгароӣ бо Ғарб дар қолаби талош барои узвият дар НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамроҳи бо Амрико дар иқдомот алайҳи Русияро дунбол кард.
Дар воқеъ таҳавулдоти соли 2014 дар Украина ҳамон гуна, ки Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ низ ба он ишора карданд, як ҳаракати махмалӣ ва кудатои рангӣ дар ин кишвари бузурги Арупои шарқӣ бо ҳадафи рӯйи кор овардани як режими ғарбгаро буд, то бадин тартиб Вашингтон ва шарикҳои аврупоии он дар НАТО битавонад нақшаи калони худ яъне густариши НАТО ба сӯйи шарқ бо ҳадафи маҳор ва муҳосира ва дар ниҳоят тазъиф ва таҷзияи Русияро амали кунанд. Масъалае,ки ҳушдорҳо ба вокуниши Маскав ва саранҷом амалёти низомӣ дар Украинаро ба дунбол дошт.
Маслаи Украина ва таҳавуллоти он ба вижа амалёти низомии ахири Русия дар Украина,бо вокуниши расмии Ҷумҳурии исломии Эрон низ мувоҷеҳ шудааст.
Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон дар "Твиттер" навишт: "Бӯҳрони Украина реша дар иқдомоти таҳрикомези НАТО дорад. Мо даст задан ба ҷангро роҳи ҳал намаедонем. Барқарории оташбас ва тамаркуз ба роҳи ҳали сиёсӣ ва демократик як зарурат аст".
Мазуъи ҷумҳурии исломии Эрон дар қиболи бӯҳрони Украина дар ростои дидгоҳи куллии Теҳрон дар заминаи интиқод аз нақши манфии Амрико ва НАТО дар ҷаҳон ба вижа дар Аврупо ва ғарбӣ Осиё аст. Зимни ин ки ғарбиҳо ба рағми ваъдаҳое,ки ба Украина дода буданд, акнун Киевро танҳо гузоштанд ва сирфан барои рафъи таколиф ба вазъи бархе таҳримҳо алайҳи Русия пардохтаанд .Дар ҳоле,ки Маскав ба далели ин,ки масалаи густариши НАТО-ро масалаи муртабит бо мавҷудияти Русия медонанд ҳозир аст ҳар баҳоиро барои он бипардозад.
342/