ABNA24 – Ба гузориши хабаргузории Алъаҳд: Ҳоди Алъомирӣ раиси эътилофи Алфатҳи Ироқ дар суханронии худ ба муносибати дувумин солгарди шаҳодати сардор ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи неруи Қудси Сипоҳи посдоронии Инқилоби Исломӣ ва шаҳид Абумаҳди Алмуҳандис фармондеҳи неруҳои басиҷи мардумии Ироқ гуфт: Шаҳодати фармондеҳони муқовимат пирузӣ барои тамоми мардуми Ироқ бо хуруҷи ишғолгарон аст.
- Алъомири афзуд, фатвои марҷеъияти динӣ ва нақши Эрон ва ҷонфишониҳои фармондеҳони муқовимат, Ироқро аз хатари ДИИШ ҳифз кард.
- Раиси эътилофи Алфатҳи Ироқ бо баёни ин ки ёди ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ, Абумаҳди Алмуҳандис ва ҳамразмони онҳо то абад дар виҷдони уммат боқӣ хоҳанд монд такид кард, баҳои хуни фармондеҳони пирузӣ, хуруҷи комили неруҳои ишғолгар аз Ироқ хоҳад буд.
Сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, ки 3 январи 2020 ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд ба ҳамроҳи Абумаҳди Алмуҳандис муъовини созмони басиҷи мардумии Ироқ Ал-Ҳашду Шаъбӣ ва 8 нафари дигар дар ҳамлаи ҳавоии неруҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ наздики фурудгоҳи Бағдоди Ироқ ба шаҳодат расид.
342/