23 Июн 2021 - 17:37
Паёми Башор Асад ба Санъо; Таъкиди Сурия ба тақвияти равобит бо Яман

Раисиҷумҳури Сурия дар паёме ба раиси Шӯрои олии сиёсии Давлати наҷоти Яман бар ҳамоҳангӣ миёни ду кишвар ва тақвияти равобити дуҷониба таъкид кард.

ABNA24 : Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия шомгоҳи сешанбе як паёми ташаккур барои Маҳдӣ Ал Машот, раиси Шӯрои олии сиёсии Яман ирсол кард.

Асад дар ин паём бо орзӯи сулҳ, субот ва пешрафти бештар барои миллати Яман, аз мавозеъи давлати ин кишвар дар ҳимоят аз миллати Сурия ва иродаи озод ва тасмими мустақили он, қадрдонӣ кард.

Раисиҷумҳури Сурия ҳамчунин тасреҳ кард, Димишқ низ бо хости Яман барои идомаи ройзанӣ ва ҳамоҳангӣ миёни ду тараф ва тақвияти равобити дуҷониба ба нафъи ду миллати бародар шарик аст.

Ин паём дар ҷавоби паёми раиси Шӯрои олии сиёсии Давлати наҷоти миллии Яман ба муносибати пирӯзии Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар ирсол шудааст.

Раиси Шӯрои олии сиёсии Яман 28 моҳи май дар паёме пирӯзии Башор Асад дар интихоботи раёсатҷумҳурии Сурияро табрик гуфт.

342/