18 Март 2021 - 15:31
Оғози таътилоти Наврӯз аз 21 март дар Тоҷикистон

Таътилоти наврӯзии донишомӯзони Тоҷикистон аз 21 март оғоз мешавад .

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон таътилоти наврӯзӣ то 31 март идома дорад.

    Раиси шуъбаи мактабҳои миёнаи Вазорати маориф ва илм гуфт : Таътилоти баҳорӣ фақат барои донишомӯзон аст.  У гуфт дар ин муддат муаллимон бояд бо ташкили ҷаласоти муштарак бо волидайн вазъияти таҳсилии донишомӯзонро баррасӣ кунанд.

   Азимиддин Бобозода афзуд: Ҳамчунин ҷузваҳое ҳам барои мутолиаи донишомӯзон дар таътилоти Наврӯз таҳия шудааст.

Бобозода гуфт : Дар ин муддат донишомӯзон бояд тавоноии илмии худро барои ширкат дар озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст " афзоиш диҳанд.

   Раиси гурӯҳи мактабҳои миёнаи вазорати маорифу илм афзуд : Волидайн метавонанд фарзандони худро дар таътилоти Наврӯз ройгон дар бошгоҳҳои варзишӣ сабти ном кунанд.

342/