ABNA24: Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии ҲАМОС номае ба 120 раис ва дабири кулли аҳзоб ва ҳайатҳои сиёсӣ дар кишварҳои арабӣ ва исломӣ фиристод.
Ҳания дар ин нома хостори такомул ва идомаи нақши аҳзоб, созмонҳо ва муассисоти сиёсӣ дар ҷаҳони арабӣ ва исломӣ барои ҳимоят аз миллати Фаластин дар дифоъ аз сарзамин, ҳуқуқ, муқаддасоти уммат, ҳувият ва таърихи он то заволи ишғолгар шуд.
Ҳания дар номаи худ аз аҳзоб ва созмонҳои сиёсӣ хост, иқдоме фаврӣ барои муқобила бо сиёсати режими саҳюнистӣ барои ишғоли заминҳои Каронаи бохтарӣ анҷом диҳанд.
Вай ҳамчунин ба эҷоди дастури кории ҷиддӣ дар радди тахаллуфҳои густурдаи режими саҳюнистӣ фаро хонд то аз муқаддасоти исломӣ ва масеҳӣ ҳифозат ва пеши тавтеаҳои яҳудисозӣ ва тақсими Масҷидулақсо гирифта шавад.
Аз дигар мавзӯоте, ки Ҳания дар номаи худ хостори он шуд, баргузории конфронсҳои фаврӣ дар ҷаҳони арабӣ ва исломӣ барои табйини мавзеи мухолифи Фаластин бо тавтеаҳои режими саҳюнистӣ барои нобудии масъалаи Фаластин бо назорати Амрико буд.
342/