AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Душанбе

13 Май 2024

15:13:32
1458319

Идомаи тазоҳуроти ҳимоят аз Фаластин ва борикаи Ғазза дар шаҳрҳои мухталифи ҷаҳон

Мардуми шаҳрҳои мухталифи ҷаҳон бори дигар дар ҳимоят аз мардуми мазлӯми Фаластин ба вижа дар борикаи Ғазза ва маҳкӯм кардани ҷиноёти режими наслкуши Исроил дар борикаи Ғазза , тазоҳурот карданд .

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо , ҳомиёни Фаластин дар шаҳрҳои Милани Италия , Мадриди Испания , Лондони Британия , Женеваи Швейтсария, Амстердами Ҳоланд , Esch-sur-Alzette, Люксембург , Торонтои Канада , Токиои Ҷопон ва Сан Франсискои Амрико бо барпои тазоҳуроти густарда дар ҳимоят аз Фаластин ва борикаи Ғазза ва маҳкӯмияти ҳамалоти режими наслкуши саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза , оташбас дар ин борикаро хостор шуданд.

Донишҷӯёни донишгоҳи Женева дар Швейтсария дар тазоҳуроти густарда дар ҳимоят аз Фаластин ва борикаи Ғазза , шиори озодии Фаластин сар доданд.

Ҳомиёни Фаластин дар тазоҳуроти зидди режими ишғолгари саҳюнистӣ дар шаҳри Сан Франсискои Амрико дар солгарди шаҳодат « Ширин Абуъоқила » хабарнигори фаластинии Алҷазира , куштори бе собиқаи хабарнигорон дар ҷанги режими ғосиби саҳюнистии зиди борикаи Ғаззаро маҳкӯм карданд.

Ҳомиёни Фаластин дар тазоҳуроте дар “ майдони Дом “ дар маркази Амстердам , пойтахти Ҳоланд , ба ёди шуҳадои Ғазза ду дақиқа сукут карданд.