-
Амир Ҷаҳоншоҳӣ: Хатои ҳисоби душман санади поёни хаёлоти онҳост
Аҳвоз — Фармондеҳи Нерӯҳои заминии артиш гуфт: Ҳар гуна хатои ҳисоб аз ҷониби душман ва таҷовуз ба хоки кишвар, санади поёни хаёлоти бадхоҳон ба дасти нерӯҳои мусаллаҳи мқтадри Ҷумҳурии Исломии Эрон хоҳад буд.
-
Контр-адмирал Азмаӣ: Киштиҳои ҷангии Амрико ҷуръат намекунанд ба Тангаи Ҳурмуз наздик шаванд
Фармондеҳи Нерӯҳои баҳрии Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ бо баён ин ки киштиҳои ҷангии Амрико ҷуръат намекунанд ба Тангаи Ҳурмуз наздик шаванд, гуфт: Киштиҳои ҷангии Амрико ба сабаби осебпазирӣ аз ин танга дур шудаанд.
-
Ҷалолӣ: Даъвои Трамп дар бораи нақшаи нобудсозии шаҳрҳои Амрико беасос аст
Сафири кишвари мо дар Русия таъкид кард: Даъвоҳои президенти Амрико дар бораи нақшаи Теҳрон барои нобудсозии шаҳрҳои Амрико комилан беасос, ғайривоқеӣ ва танҳо як лаффи интихоботӣ аст.
-
Таҳаввулоти Яман меҳвари гуфтугӯи вазирони умури хориҷаи Эрон ва Умон
Вазирони умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Салтанати Умон дар бораи охирин таҳаввулоти минтақавӣ аз ҷумла Яман райзанӣ карданд.
-
Тағйири усулҳои Эрон барои бархӯрд бо мухолифон дар Тангаи Ҳурмуз
Масъулони эронӣ аз тағйири роҳбурди ин кишвар дар бархӯрд бо киштиҳои мухолиф дар Тангаи Ҳурмуз хабар доданд.
-
Тарси Нетанёҳу аз шикаст дар интихобот; даъвоҳо алайҳи Эрон ва Муқовимат
Нахуствазири режими сионистӣ дар остонаи интихобот, зимни изҳори нигаронӣ аз пирӯзии ҷараёни рақиб, бо фаропканӣ ва тарҳи даъвоҳои зиддиэронӣ, даъво кард, ки Меҳвари Муқовимат ба дунболи суқути кобинаи ӯст.
-
Эътирофи Арабистони Саудӣ ба ҳадаф қарор гирифтани таъсисоти Арамко дар Заҳрон
Вазорати энергетикаи Арабистони Саудӣ тасдиқ кард, ки бинои идорӣ ширкати нафтии Арамко дар шаҳри Заҳрон ҳадафи ҳамла қарор гирифта ва оташ гирифтааст.
-
Боздошти муҳандиси саудӣ ба иттиҳоми ҷосусӣ дар Амрико
Гузоришҳои расонаӣ аз боздошти як муҳандиси саудӣ дар идораи зеҳни сунъии Амрико ба иттиҳоми кӯшиши ҷосусӣ хабар медиҳанд.
-
Лаффози Трамп дар бораи Эрон; ҷанг ба зудӣ поён меёбад
Президенти Амрико дар изҳороти интихоботӣ даъво кард, ки ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад, аммо вай бар мавқеъҳои хусуматноки Вашингтон ва идомаи фишорҳо алайҳи Эрон таъкид кард.
-
Даъвои рӯзномаи ибронӣ: Трамп аз ваъдаҳои Нетанёҳу асабонӣ аст
Як рӯзномаи ибронизабон даъвои хашм ва асабонияти Трамп нисбат ба нахуствазири режими сионистӣ шуд.