-
Генерал-лейтенант Абдуллоҳӣ: Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар дастгирии Сипоҳи посдорон омодагии пурра ва ҳамаҷониба дорад
Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар паёме, ки таъини генерал-лейтенант Ваҳидиро ба унвони фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ табрик гуфтааст, бар омодагии пурра ва ҳамаҷонибаи ситод дар дастгирӣ, ҳамроҳӣ ва пуштибонии стратегӣ аз он ниҳоди инқилобӣ ва мардумӣ таъкид кард.
-
Сухангӯи Сипоҳи посдорон: Ҷанги Рамазон осебпазирии стратегии Амрикоро ошкор кард
Сухангӯи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт: Ҷанги Рамазон осебпазирии стратегии Амрико ва таъсири қудрати Ҷумҳурии Исломӣ бар муодилаҳои низомӣ, иқтисодӣ ва сиёсиро ошкор кард.
-
Арақчӣ: Эрон ба дунё исбот кард, ки як қудрати сахт ва шикастнопазир аст
Вазири корҳои хориҷии Эрон гуфт: Дар ҷанги охир, Ҷумҳурии Исломии Эрон худро ба дунё исбот кард ва нишон дод, ки як қудрати сахт ва шикастнопазир аст.
-
Бақоӣ: Ҳамлаҳои режими сионистӣ алайҳи ҷануби Лубнон вайронкунии тамомияти арзии ин кишвар аст
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон ҳамлаҳои ваҳшиёнаи режими сионистиро дар чанд рӯзи гузашта алайҳи минтақаҳои ҷануби Лубнон ба сахтӣ маҳкум кард.
-
Никзод: Душман бояд ба низоми нави минтақа тан диҳад
Ноиб-раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон, бо таъкид бар он ки гардунаи Ҳурмуз ба шароити пеш аз ҷанг барнамегардад, гуфт: Имрӯз душмани амрикоӣ-сионистӣ бо мушт мустаҳками нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ба таври амалӣ дарёфтааст, ки бозкушоии гардунаи Ҳурмуз ҳеҷ роҳи ҳалли низомӣ надорад ва бояд ба низоми нави минтақа тан диҳад.
-
Ғарибободӣ: Амнияти Хазар бояд аз ҷониби кишварҳои соҳилӣ таъмин карда шавад
Муовини вазири корҳои хориҷии Эрон дар умури ҳуқуқӣ ва байналмилалӣ, бо таъкид бар он ки амнияти баҳри Хазар як масъулияти минтақавӣ ва дархостӣ аст, гуфт: Кишварҳои соҳилии Хазар худашон қодиранд ва бояд тавонанд дар бораи амният, субот ва ояндаи Хазар қарор қабул кунанд.
-
Муҳаммад Абдусалом: Амалиёти Яман посухи қонунӣ ба таҷовузҳои доимии Арабистони Саудӣ мебошад
Раиси ҳайати гуфтушунидкунандаи ҳукумати Яман, бо таъкид бар идомаи машваратҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, амалиёти ин кишвар алайҳи киштиҳо, таҷаммуъҳо ва лагерҳои нерӯҳои мусаллаҳи вобаста ба Арабистони Саудӣ дар дохили ин кишварро посухи қонунӣ ба таҷовузҳои доимӣ алайҳи Яман донист.