Аббос Гулрӯ, раиси кумитаи равобити байналмилалии комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Исломӣ, дар гуфтугӯе дар бораи қудрати мудофиавӣ ва низомии кишвар изҳор дошт: бар асоси гузоришҳое, ки аз ҷониби мақомоти низомӣ ва амниятӣ дар комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ пешниҳод шудаанд, вазъи кишвар дар соҳаи қудратҳои низомӣ ва мудофиавӣ рӯ ба рушд ва тараққӣ аст. Дар ин замина, осебшиносии ҷангҳои гузашта анҷом дода шуда, тадорукоти зарурӣ барои ҳар гуна амалиёт ё ҷанги эҳтимолии оянда, ки умедворем иншоаллоҳ рӯй нахоҳад дод, пешбинӣ шудааст.
Вай афзуд: ин омодагиҳо соҳаҳои гуногун, аз ҷумла мудофиаи ҳавоӣ, қудрати мушакиро, соҳаи баҳрӣ ва ҷанги заминиро дар бар мегиранд ва ҳамаи ин масъалаҳо дар маҷмӯаи муттасил аз ҷониби қувваҳои мусаллаҳ ба таври дуруст ба назар гирифта шудаанд.
Раиси кумитаи равобити байналмилалии комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлис бо ишора ба ҷаласаи ин комиссия бо генерал-майор Алӣ Абдуллоҳӣ гуфт: чанде пеш ҷаласае бо иштироки раиси ситоди кулли қувваҳои мусаллаҳ дар комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ баргузор кардем, ки дар он ҷаласа тарҳи низомии душманон, аз ҷумла амрикоиҳо, режими сионистӣ ва ҳаракатҳои кишварҳои минтақа ва аврупоиҳо аз ҷониби ӯ ба таври комил шарҳ ва баррасӣ шуд. Инчунин вазъ ва тарҳи низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон низ мавриди баҳс ва арзёбӣ қарор гирифт.
Your Comment