Ба гузориши хабарии Абно ба нақл аз Алҷазира, вазири мудофиаи Кореяи Ҷанубӣ имрӯз душанбе эълом кард, ки пешниҳоди тамдиди мустақар шудани ягони ин кишвар барои мубориза бо дуздии баҳрӣ дар Халиҷи Адан ба маънои мудохила дар таҷовузи амрикоӣ-сиюнистӣ алайҳи Эрон дар Тангаи Ҳурмуз нест.
Ӯ ба намояндагони порлумони ин кишвар иблоғ кард, ки мустақар шудани ин нерӯҳо ба маънои иштироки низомии ғайримустақим дар ҷанг алайҳи Эрон нест.
Вазири мудофиаи Кореяи Ҷанубӣ баён кард, ки иқдомоти дуздони баҳрӣ дар минтақа дар муқоиса бо соли гузашта се баробар шудааст ва ҳадаф аз мустақар шудани ин нерӯҳо ҳимоят аз киштиҳо ва шаҳрвандони Кореяи Ҷанубӣ аст, ки аз ин гузаргоҳи обӣ истифода мекунанд.
Your Comment